Президент аз соҳибкорон даъват кард, ки кӯдакистон созанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар паёми имрӯзаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон сарвари давлат қайд кард, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар соҳаи маориф норасоии муассисаҳои томактабӣ дар аксарияти шаҳру навоҳӣ мебошад.

“Соли гузашта ҳамагӣ 14 муассисаи томактабӣ барои 2520 кӯдак бунёд гардидааст, ки ин нишондиҳанда ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест”, – изҳор дошт ӯ.

Дар ин робита, президент ба роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дод, ки бо ҷалби соҳибкорон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ҷиҳати бунёди кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдакон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ кунанд.

“Хоҳиш мекунам, ки ба ин масъала бисёр ҷиддӣ ва бо масъулияти баланд муносибат намоед”, – қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.

Бино ба маълумоти расмии оморӣ, зиёда аз 70%-и кӯдакони синни аз 3 то 6-сола дар Тоҷикистон ба таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ дастрасӣ надоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...