Дарёи Душанберо чӣ гуна метавон наҷот дод? Нигаронии экологҳои пойтахт

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Танҳо соли гузашта кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳрдории Душанбе 141 шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро барои ифлоскунии соҳилҳову оби дарёи Душанбе ҷарима карданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” Саидаҳмад Саидов, корманди Раёсати мазкур хабар дод, танҳо шахсоне ҷазо дода шуданд, ки “бевосита дар ҷойи ҳодиса боздошт шуда буданд”, вале шумори чунин қонуншиканон дар ин самт бамаротиб зиёдтар аст.

Ба гуфтаи корманди Раёсат, маблағи умумии ҷаримаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои ифлоскунии оби дарё ё соҳилҳои он бо партов ҳудуди 9 ҳазор сомониро ташкил додааст.

“Ронандагони автомашинаҳои боркаш Ҳасан Набиев ва Бобомурод Самадов барои холӣ кардани партови хеле зиёди масолеҳи сохтмон ба дарё ҳар кадоме дар ҳаҷми 1 ҳазору 366 сомонӣ ҷарима шуданд”, – гуфт эколог. – Ҳеҷ касе дақиқ гуфта наметавонад, ки давоми рӯз чӣ қадар одамон ба дарё партов мепартоянд”.

Зимнан зикр шуд, ки танҳо дар соли гузашта бо иштироки наздики 24 ҳазор нафар ризокорон дар соҳилҳои дарёи Душанбе таҳти унвони “Соҳили тоза” якчанд иқдомҳо барпо гардида, чандин тонна партов ҷамъоварӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки мутобиқи меъёрҳои моддаи 177 КҲВМ ҶТ (Бо пасмонда ва партовҳои маишӣ ифлос кардани чашмаҳо ва дигар манбаъҳои об, ки дар заминҳои захираи давлатии об ҷойгиранд), ба маблағи аз 60 то 3 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Як манбаъ аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки аз оғози соли равон ҳукумат ва парлумон назорати масъалаи мазкурро ба дӯши ин Кумита вогузор кардаанд.

“Мо кӯшиш мекунем, ки ҷиддӣ ба ин масъала машғул шавем, лекин аз ҳама муҳимаш дар ин кор фарҳанги баланди экологӣ ва худогоҳии аҳолӣ, инчунин назорат аз ҷониби худи ҷомеа зарур аст”, – гуфт манбаъ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...