Зиндони хоси Тоҷикистон барои маҳкумшудагони терроризм фаъол мешавад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон  қабл аз ҷашни Наврӯз, маҳбусони муассисаи ислоҳии рақами 1-и пойтахт ба маҳбаси наве, ки барои маҳкумшудагон бар асоси ҷиноятҳои террористӣ дар шаҳри Ваҳдат бунёд шудааст, интиқол дода мешаванд.  Дар ин бора ба "Азия-Плюс" сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурии Мансурҷон Умаров хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, «корҳои сохтмонӣ дар иншоот омодаанд. Ва пас аз як моҳ пеш аз ҷашни Наврӯз маҳбусони муассисаи ислоҳии рақами 1-и пойтахт ба зиндони нав интиқол дода мешаванд».

Вай инчунин илова кард, ки маҳбусони муассисаи ислоҳии рақами 1-и пойтахт ба маҳбаси нав интиқол дода мешаванд, аммо боздоштгоҳи муваққатӣ ҳанӯз дар ҷои худ боқӣ мемонад ва дар ҷойи  бинои маҳбаси кӯҳна чӣ чизе сохта мешавад, маълум нест.

«Воқеан, дар муассисаи нав дар шаҳри Ваҳдат барои ҳамаи маҳкумшудагони  рақами 1 ва онҳое, ки дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҳастанд, ҷой нест. Ҳоло маълум нест, ки муассисаи тафтишотӣ аз пойтахт кӯчонида мешавад ё не», – илова кард Умаров.

Қаблан, 7 июл, Мансурҷон Умаров ба Азия-Плюс гуфта буд, ки пас аз ду моҳ сохтмони як маҳбаси нав барои онҳое, ки дар ҷиноятҳои террористӣ маҳкум шудаанд, ба итмом мерасад ва иншоот ба истифода дода мешаванд.

«Корҳои сохтмонӣ дар иншоот ҳанӯз идома доранд. Умедворем, ки сохтмон дар зарфи ду моҳ ба итмом мерасад. Азбаски дар он ҷо қисми асосии кор аллакай ба анҷом расидааст», – қайд карда буд он вақт. 

Ҳоло номбурда сабаби ба таъхир уфтодани масъалаи кӯчондани муассисаи № 1-ро ҳамагирии коронавирус дар кишвар унвон мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Мансурҷон Умаров санаи 20 ноябри соли 2020 дар «Форуми иҷрои ҷазо» аз бунёди маҳбас барои онҳое, ки барои ҷиноятҳои террористӣ маҳкум шудаанд, эълон карда буд. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳаро мақомоти масъул дар якҷоягӣ бо мутахассисони институти лоиҳакашӣ бо назардошти талаботи стандартҳои байналмилалӣ таҳия кардаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон 19 муассисаи иҷрои ҷазои ҷиноӣ мавҷуд аст, ки онҳо 13 муассисаи ислоҳӣ ва 6 муассисаи тафтишотӣ мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...