Дар Миянмар ҳукумати низомӣ қудратро дар даст гирифт. Раҳбари давлатро боздошт карданд

Asia-Plus

Артиши Миянмар бо эълони вазъи фавқулода қудратро дар ин кишвар ба даст гирифт. Ҳамчунин артиш раҳбари давлат хонум Аунг Сан Сучи, роҳбари ҳизби ҳокими иттиҳодияи милли демократӣ ва дигар раҳбарони ин ҳизбро бомдоди рӯзи душанбе дастгир кардааст. 

Бино ба баёнияе, ки артиши ин кишвар нашр кардааст, қудрат дар Минямар ба дасти Минг Онг Ҳалинг, фармондеҳи кулли артиш гузаштааст. 

Ҳизби Иттиҳодияи миллии демократиии Минямар бо роҳбарии хонум Сучи дар интихоботи порлумонии ахири ин кишвар, 8-уми ноябр 83 дар сади орои мардумро ба даст оварда буд, ки инро низомиён напазируфтанд. Низомиён иддао доштанд, ки интихобот пур аз тақаллуб буд.

Мё Нянт, сухангӯи эътилофи ҳоким дар Мянмар дар гуфтугӯи телефонӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки хонум Аунг Сан Сучи ва дигар раҳбарони ҳизби ҳокими ин кишвар шаби гузашта боздошт шуданд. Вай изҳор дошт, "ман мехоҳам ба мардумамон бигӯям, ки саросема вокуниш нишон надиҳанд ва тибқи қонун амал кунанд". Ин мақоми мянмарӣ ҳамчунин гуфт, ки тасаввур мекунад худи ӯро ҳам боздошт мекунанд.

Бар асоси гузоришҳо, субҳи душанбе хатҳои телефон ва интернет дар пойтахти Мянмар қатъ шуда буд. Радио ва телевизиони давлатии Мянмар низ эълон кард, ки дучори мушкили фаннӣ аст ва наметавонад барнома пахш кунад.

Аунг Сан Сучии 75-сола ва барандаи Ҷоизаи Нобели сулҳ, соли 2015 дар пайи беш аз як даҳа зиндони хонагӣ ба қудрат расида буд.

Артиши Минямар натиҷаҳои интихоботро пур аз тақаллуб медонист ва хоста буд, ки давраи нави порлумони ин кишвар ба таъвиқ андохта шавад, аммо қарор буд кори давраи нави пормлумон имрӯз оғоз ба кор кунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.