Дар Миянмар ҳукумати низомӣ қудратро дар даст гирифт. Раҳбари давлатро боздошт карданд

Артиши Миянмар бо эълони вазъи фавқулода қудратро дар ин кишвар ба даст гирифт. Ҳамчунин артиш раҳбари давлат хонум Аунг Сан Сучи, роҳбари ҳизби ҳокими иттиҳодияи милли демократӣ ва дигар раҳбарони ин ҳизбро бомдоди рӯзи душанбе дастгир кардааст.  Бино ба баёнияе, ки артиши ин кишвар нашр кардааст, қудрат дар Минямар ба дасти Минг Онг Ҳалинг, фармондеҳи кулли […]

Артиши Миянмар бо эълони вазъи фавқулода қудратро дар ин кишвар ба даст гирифт. Ҳамчунин артиш раҳбари давлат хонум Аунг Сан Сучи, роҳбари ҳизби ҳокими иттиҳодияи милли демократӣ ва дигар раҳбарони ин ҳизбро бомдоди рӯзи душанбе дастгир кардааст. 

Бино ба баёнияе, ки артиши ин кишвар нашр кардааст, қудрат дар Минямар ба дасти Минг Онг Ҳалинг, фармондеҳи кулли артиш гузаштааст. 

Ҳизби Иттиҳодияи миллии демократиии Минямар бо роҳбарии хонум Сучи дар интихоботи порлумонии ахири ин кишвар, 8-уми ноябр 83 дар сади орои мардумро ба даст оварда буд, ки инро низомиён напазируфтанд. Низомиён иддао доштанд, ки интихобот пур аз тақаллуб буд.

Мё Нянт, сухангӯи эътилофи ҳоким дар Мянмар дар гуфтугӯи телефонӣ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфт, ки хонум Аунг Сан Сучи ва дигар раҳбарони ҳизби ҳокими ин кишвар шаби гузашта боздошт шуданд. Вай изҳор дошт, "ман мехоҳам ба мардумамон бигӯям, ки саросема вокуниш нишон надиҳанд ва тибқи қонун амал кунанд". Ин мақоми мянмарӣ ҳамчунин гуфт, ки тасаввур мекунад худи ӯро ҳам боздошт мекунанд.

Бар асоси гузоришҳо, субҳи душанбе хатҳои телефон ва интернет дар пойтахти Мянмар қатъ шуда буд. Радио ва телевизиони давлатии Мянмар низ эълон кард, ки дучори мушкили фаннӣ аст ва наметавонад барнома пахш кунад.

Аунг Сан Сучии 75-сола ва барандаи Ҷоизаи Нобели сулҳ, соли 2015 дар пайи беш аз як даҳа зиндони хонагӣ ба қудрат расида буд.

Артиши Минямар натиҷаҳои интихоботро пур аз тақаллуб медонист ва хоста буд, ки давраи нави порлумони ин кишвар ба таъвиқ андохта шавад, аммо қарор буд кори давраи нави пормлумон имрӯз оғоз ба кор кунад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.