Як донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон деканашро корд задааст

Донишҷӯи соли дуюми факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетинги Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) ба декани факултаи зикршуда, дотсент Музаффар Имомназаров бо корд ҳамла кард. Муовини ректор оид ба корҳои таълим ва идоракунии сифати таълими Донишгоҳ Маҳмуд Тошматов ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ варзид. “Ман номи ҷавони ба декан дарафтодаро […]

Донишҷӯи соли дуюми факултаи менеҷменти байнулмилалӣ ва маркетинги Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) ба декани факултаи зикршуда, дотсент Музаффар Имомназаров бо корд ҳамла кард.

Муовини ректор оид ба корҳои таълим ва идоракунии сифати таълими Донишгоҳ Маҳмуд Тошматов ин хабарро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, лекин аз шарҳи ҷузъиёти он худдорӣ варзид.

“Ман номи ҷавони ба декан дарафтодаро гуфта наметавонам, забон намегардад, ки ӯро донишҷӯ бигӯӣ”, – қайд кард Тошматов.

Сабаби дарафтодани донишҷӯ ба омӯзгор он будааст, ки ӯ мудом аз санҷишҳо қарздор буда, декан падари ӯро барои суҳбат ба донишгоҳ даъват кардааст.

Музаффар Имомназаров айни замон дар бемористон таҳти муоинаи табибон қарор дошта, ӯро ҷарроҳӣ кардаанд ва вазъи солимии декан қаноатбахш арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.