Муовини Бег Сабур: “Агар бигӯям, ки раис куҷост, шумо ба таври худ маънидод мекунед”

Муовини аввали раиси хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Атоев, гуфт, ки агар дар куҷо будани раиси Хадамот Бег Сабуровро бигӯяд, рӯзноманигорон онро ба таври худ маънидод мекунанд.  «Агар ҳоло ман бигӯям, шумо ба таври худ маънидод мекунед, вале раиси хадамот – Бег Сабур дар сафари хидматӣ қарор дорад.  Ӯ як шахси боз аст ва […]

Муовини аввали раиси хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Илҳом Атоев, гуфт, ки агар дар куҷо будани раиси Хадамот Бег Сабуровро бигӯяд, рӯзноманигорон онро ба таври худ маънидод мекунанд. 

«Агар ҳоло ман бигӯям, шумо ба таври худ маънидод мекунед, вале раиси хадамот – Бег Сабур дар сафари хидматӣ қарор дорад.  Ӯ як шахси боз аст ва агар шумо саволе доред, метавонед муроҷиат кунед ва он кас шуморо мепазирад", – чунин посух дод Илҳом Атоев ба суол дар бораи ин ки чаро худи Бег Сабур дар нишасти матбуотӣ ширкат намекунад.

Мавзуъи ширкат накардани Бег сабур дар нишастҳои матбуотӣ  солҳои ахир яке аз суолҳои ҳамешагӣ дар нишастҳои матбуотии ин ниҳод аст. Ҳар замон масъулони Хадамоти алоқа далели ҳузур надоштани раисашонро ба ҳар мавзуъе марбут медонанд. 

Аммо бархеҳо бар ин назаранд, ки вақте Бег Сабур дар чанд нишасти ин ниҳод ба иштибоҳҳо ё лағзишҳое роҳ дод, дигар баъди он дар нишастҳои матбуотӣ ҳузур пайдо накард. 

Дар Тоҷикистон сар аз имрӯз, 1.02.2021 нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз шуд, ки нишасти нахустин аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Тоҷикистон буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.