Муштзани тоҷик ба унвони қаҳрамони Амрикои Шимолӣ соҳиб шуд

Муштзани тоҷик Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи бокси касбӣ бар ҳарифи амрикоияш Куинси Лавиллас дастболо шуда, ба унвони қаҳрамони Амрикои Шимолӣ дар вазни ниммиёна (WBA North America Champion, NABA — North America Boxing Association) соҳиб шуд. Қувваозмоии Сангинов бо амрикоӣ рӯзи шанбе дар Майами баргузор шуд. Он 8 раунд идома ёфта, ҳар се нафар ҳакамон пирӯзиро […]

Муштзани тоҷик Меҳрубон Сангинов дар мусобиқаи бокси касбӣ бар ҳарифи амрикоияш Куинси Лавиллас дастболо шуда, ба унвони қаҳрамони Амрикои Шимолӣ дар вазни ниммиёна (WBA North America Champion, NABA — North America Boxing Association) соҳиб шуд.

Қувваозмоии Сангинов бо амрикоӣ рӯзи шанбе дар Майами баргузор шуд. Он 8 раунд идома ёфта, ҳар се нафар ҳакамон пирӯзиро ба муштзани тоҷик лоиқ донистанд: 77:74, 76:75, 76:75, менависад Радиои Озодӣ.

Дар муҳорибаҳои касбӣ ин пирӯзии нущами Сангинов аст. Аз 10 муҳориба ӯ яктояшро бо муштзани амрикоӣ Фред Уилсони хурдӣ бо ҳисоби 57:57 мусовӣ анҷом дод.

Моҳи сентябри соли 2017 Меҳрубон аз рӯйи версияи WBC Youth World Champion унвони қаҳрамони ҷаҳонро соҳиб шуд. Сипас ӯ дар муҳориба бо Карлос Лопеси мексикоӣ унвони қаҳрамониро ҳимоя кард.

Аз соли 2017 Меҳрубон Сангинов раиси Федератсияи бокси шаҳри Душанбе мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.