Дарёфти ҷасади боз як ҷавони хунукзада дар кӯҳҳои Хоҷамастон

Ҷасади сокини 23-солаи деҳаи Зағертути ҷамоати Ваҳдати шаҳри Леваканд Рустам Саидов дар як нишебии кӯҳҳои Хоҷамастон дарёфт шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ. Ба гуфтаи ӯ, 21 январ се нафар сокинони ин деҳа барои ҷустуҷӯи чорвои хонагиашон ба кӯҳ баромада, дигар барнагашта буданд. Корҳои ҷустуҷӯи ҷасадҳои онҳо якчанд […]

Ҷасади сокини 23-солаи деҳаи Зағертути ҷамоати Ваҳдати шаҳри Леваканд Рустам Саидов дар як нишебии кӯҳҳои Хоҷамастон дарёфт шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ Умеда Юсуфӣ.

Ба гуфтаи ӯ, 21 январ се нафар сокинони ин деҳа барои ҷустуҷӯи чорвои хонагиашон ба кӯҳ баромада, дигар барнагашта буданд.

Корҳои ҷустуҷӯи ҷасадҳои онҳо якчанд рӯз идома ёфта, лекин натиҷае ҳосил нашуд.

Нимаи рӯзи 29 январ дар қаламрави ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Ҷомӣ дар кӯҳи Хоҷамастон ҷасадҳои падару писар – Баён Солеҳови 45-сола ва Муҳтоҷиддини 15-сола дар оғӯши ҳамдигар дарёфтанд.

Ҷасадҳо қариб 3 километр дуртар аз макони ҳисти фавтидагон пайдо шуданд. Сабаби марги онҳо хунукзадагӣ арзёбӣ мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.