Коллеҷи тиббии Бохтар дармонгоҳ месозад

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раҳбарияти коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар дар назди ин муассиса дармонгоҳ месозад. Иброҳим Мӯсозода мегӯяд, бунёди дармонгоҳ бино ба дастури Президенти кишвар сурат мегирад. 

"Ба хотири мукаммал кардани омӯзиши назарӣ ва амалӣ дар назди коллеҷҳои тиббӣ дармонгоҳҳо сохта шавад.  Ҳамин дастури роҳбари давлатро ба назар гирифта раёсати муассиса тасмим гирифт, ки дар ҷойи бинои як ошёнае, ки аз даврони Шӯравӣ боқӣ мондааст, як бинои панҷошёна бисозем. Дар ошёнаи якум дармонгоҳ бо тамоми таҳҷизоти замонавӣ ва дар ошёнаи дуюм шуъбаи бистарикунонӣ сохта мешавад. Ошёнаҳои дигар утоқҳои таълимӣ хоҳанд шуд. Корҳои сохтмонӣ аз моҳи майи соли равон шуруъ мешаванд”,- мегӯяд роҳбари коллеҷ

Мудири коллеҷ мегӯяд, ки бо бунёди дармонгоҳ ва бинои он як мушкили дигарро низ ҳал мекунанд.

“Инҷо як мушкили дигари норасоии хобгоҳ низ ҳал хоҳад шуд. Айни замон қисме аз синфхонаҳо дар ошёнаи якуми хобгоҳамон ҷой доранд. Баъди ба истифода додани бинои нав ин синфхонаҳо ба бинои нав мекӯчанд ва аз ҳисоби синфхонаҳои холишуда шумори ҷойҳои хоб ба 300 мерасад, ки пурра талаботи муассисаро қонеъ мекунад”, – илова кард Иброим Мӯсозода.

Ҳоло дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар 3 ҳазору 320 нафар аз рӯи 7 ихтисос таҳсил мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.