Созиши Душанбе ва Тошканд бобати таъҷилан аломатгузории сарҳад байни давлатҳо

Дар Душанбе аз 26 то 30 январ гуфтушунидҳои гурӯҳи кории ҳайатҳои ҳукумати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд. Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни гуфтушунидҳо нақша ва ҷадвали вохӯриҳо дар соли 2021, ки дар мулоқотҳои ҳармоҳаи ҷонибҳо пешбинӣ […]

Дар Душанбе аз 26 то 30 январ гуфтушунидҳои гурӯҳи кории ҳайатҳои ҳукумати Ӯзбекистон ва Тоҷикистон оид ба таъйин ва аломатгузорӣ дар сарҳади давлатии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, дар ҷараёни гуфтушунидҳо нақша ва ҷадвали вохӯриҳо дар соли 2021, ки дар мулоқотҳои ҳармоҳаи ҷонибҳо пешбинӣ шудааст, мувофиқа шудааст.

Қаблан ҷонибҳо ният доштанд, ки корҳои таъйину аломатгузории сарҳадро байни давлатҳо то охири соли 2020 ба итмом расонанд, лекин пандемияи коронавирус нақшаҳоро тағйир дод.

Ба иттилои манбаъ, Душанбе ва Тошканд ба гурӯҳҳои дахлдори иборат аз геодезистҳо, харитасозон, намояндагони ВКХ, хадамоти сарҳадбонӣ дастур додаанд, ки то охири соли 2021 ба таври ниҳоӣ тартиби гузоштани поячӯбҳои нишони сарҳадиро тасдиқ намоянд.

Ёдрас мекунем, ки корҳои таъйини пурраи сарҳади давлатӣ байни кишварҳо соли 2019 ба анҷом расида буд.

Ҷонибҳо он замон дар бораи хатти убури сарҳад созиши хаттӣ ҳосил намуда, акнун дар натиҷаи аломатгузории сарҳад дар харита хатти дақиқи сарҳад байни давлатҳо ишора мешавад.

Шартнома байни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар бораи қитъаҳои ҷудогонаи сарҳадӣ давлатӣ байни кишварҳо 9-10 марти соли 2018 дар доираи сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе ба имзо расид.

Парлумони Тоҷикистон ин шартномаро 19 апрели соли 2018 ба тасвиб расонид.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезияи Тоҷикистон, масофаи сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 1332 километрро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.