НАВШУДА: Шаҳбол Мирзоев сарбозе, ки 7 сол пеш маъюб шуда буд, даргузашт

Шаҳбол Мирзоев, сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ҳафт сол пеш  ҳангоми адои хидмати сарбозӣ дар артиш маъюб шуда буд, даргузашт. Дар ин бора хабарнигори Asia-Plus дар вилояти Суғд бо такя ба наздикони Шаҳбол Мирзоев хабар медиҳад. Ба гуфтаи хабарнигори мо, Шаҳбол Мирзоев чанд вақти ахир дар Беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ буд ва дар шуъбаи эҳёи […]

Шаҳбол Мирзоев, сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон, ки ҳафт сол пеш  ҳангоми адои хидмати сарбозӣ дар артиш маъюб шуда буд, даргузашт. Дар ин бора хабарнигори Asia-Plus дар вилояти Суғд бо такя ба наздикони Шаҳбол Мирзоев хабар медиҳад.

Ба гуфтаи хабарнигори мо, Шаҳбол Мирзоев чанд вақти ахир дар Беморхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд бистарӣ буд ва дар шуъбаи эҳёи Беморхонаи клиникавии вилояти Суғд баъди 6 рӯз бистарӣ шудан даргузашт.

Дар ҳоли ҳозир далели марги Шаҳбол Мирзоев гуфта нашудааст, вале ҳафтаи гузашта табибон дар ӯ нишонаҳои илтиҳоби шушро ташхис дода буданд. 

Ба иттилои хабарнигори мо, ҷасади Шаҳбол Мирзоевро падару модар ва бародараш, ки аз ӯ дар беморхона парасторӣ мекарданд, ба зодгоҳашон, ноҳияи Ашти вилояти Суғд бурданд. Қарор аст имрӯз маросими ҷанозаи ӯ дар деҳаи Хиштхонаи ҷамоати Понғози ин ноҳия баргузор шавад.

Қазияи Шаҳбол Мирзоев яке аз пурсарусадотарин қазияҳои сарбозозорӣ ё "дедовшина" дар Тоҷикистон буд, ки баҳсҳои зиёди судӣ саранҷом бо пардохти 40 ҳазор сомонӣ  ҷуброни зарари моддию маънавӣ  аз сӯйи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба анҷом расид.

Шаҳбол моҳи марти соли 2014 бар асари лату кӯби шадиди як ҳамхидматаш маъюб шуд. Табибон гуфтанд, ки устухони миён ва гардани сарбоз маҷрӯҳ шуда, барои барқарории саломатии ӯ муддати дароз лозим мешавад. 

Дар панҷ сол Шаҳбол Мирзоев аввал дар бемористонҳои Тоҷикистон ва баъдан дар як шифохонаи Русия ҷарроҳӣ ва муолиҷа шуд. Солҳои охир дар бемористони шаҳри Хуҷанд муолиҷа мешуд.

Барои лату кӯби Шаҳбол Мирзоев додгоҳ моҳи ноябри соли 2014 Усмоналӣ Ғайратов, фелдершери воҳиди низомии нерӯҳои марзбониро ба 9 соли зиндон ва Гулрафтор Ширинова, сардори дорухонаи ҳамин қисми низомиро ба 1,5 соли корҳои иҷборӣ маҳкум кард. Вале баъди содир шудани қонуни афв, ҳукми Ғайратов то 7 сол коҳиш дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.