БҶ низоми бесобиқаи арзёбии офатҳои табииро дар Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мекунад

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҳамдастӣ бо шарикон ташаббуси бесобиқа – арзёбии якчанд навъ хавфҳои табиӣ, аз ҷумла заминларза, обхезӣ ва лағзиши ярчҳои ҷудогонаро роҳандозӣ мекунад. “Ин ташаббус дар ҳамкории зич бо Маркази ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ бо қароргоҳ дар Алмаато амалӣ мешавад”,  хабар медиҳад Бонки ҷаҳонӣ. Гуфта мешавад, иқдоми мазкур дар доираи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар ҳамдастӣ бо шарикон ташаббуси бесобиқа – арзёбии якчанд навъ хавфҳои табиӣ, аз ҷумла заминларза, обхезӣ ва лағзиши ярчҳои ҷудогонаро роҳандозӣ мекунад.

“Ин ташаббус дар ҳамкории зич бо Маркази ҳолатҳои фавқулода ва коҳиши хавфи офатҳои табиӣ бо қароргоҳ дар Алмаато амалӣ мешавад”,  хабар медиҳад Бонки ҷаҳонӣ.

Гуфта мешавад, иқдоми мазкур дар доираи Барномаи таҳкими суботи молиявӣ ва суръатбахшӣ ба коҳиши хавфи офатҳо дар Осиёи Марказӣ, ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ ва Бонки ҷаҳонӣ таҳти идоракунии Фонди глобалии коҳиши офтаҳо ва барқароркунӣ татбиқ мешавад, амалӣ мегардад.

“Ҳадафи умумии ташаббус – таҳкими устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хавфҳои офати табиӣ ва хатарҳои иқлимӣ тариқи беҳбуди суботи молиявӣ, имконоти муайян кардани хавфҳо ва низоми мураттаби идоракунии хавфи офатҳо мебошад”, – қайд мешавад дар маълумот.

Мутахассисони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки арзёбии хавфи якчанд навъ офатҳо барои он бесобиқа аст, ки дар доираи он аз тарзу усули минтақавӣ истифода шуда,таъмини пайдарҳамӣ нисбат ба якчанд навъи хатарҳои табиӣ ва навъҳои иншооти аз он зиёндида ҳадаф гузошта мешавад.

“Ин аввалин чунин талош дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад”, – таъкид мешавад дар маълумот.

Дар назар аст, ки дар фарҷоми кор мақомоти маҳаллии идоракунии давлатӣ ба воситаи боэътимоде дастрасӣ пайдо хоҳанд кард, ки онро зимни таҳияи стратегия оид ба идоракунии хавфҳои табиӣ метавон истифода бурд.

Зимнан зикр мегардад, ки иқдоми мазкур ба беҳбуди дарки хавфҳои офати табиӣ аз лиҳози техникӣ ва илмӣ низ мусоидат менамояд.

Талафот

Қаблан моҳи ноябри соли гузашта директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Лилия Бурунчук изҳор дошта буд, ки талафоти ҳамасолаи Тоҷикистон бар асари ҳодисаҳои обхезӣ ва заминларзаҳо 400 млн долларро ташкил медиҳад.

Ӯ қайд карда буд, ки теъдоди ҷабрдидагон аз ин офатҳои табиӣ дар ҷумҳурӣ ҳар сол то ба 500 ҳазор нафар мерасад.

Ба сурати умум, таъкид сохта буд намояндаи Бонки ҷаҳонӣ, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ ҳамасола 10 млрд доллар зарар мебинанд.

Бурунчук зикр карда буд, ки корти заминларзаҳои ҳармоҳа дар минтақа, ки “пур аз нуқтаҳои сурх аст”, касро ба ҳайрат меорад.

“Ба ҷуз заминларза, ҳамасола ба ин минтақа ҳодисаҳои фаромадани ярчу сел ва тарма, обхезӣ ва беҳад болоравии ҳарорат низ таҳдид мекунанд”, – гуфта буд Лилия Бурунчук.

Дар мавод таъкид шуда буд, ки бар асари офатҳои табиӣ ҳамасола дар минтақа то 3 млн кас зиён мебинанд, ки нисфи онҳо дар Ӯзбекистон умр ба сар мебаранд.

“Ин натанҳо маълумоти оморист, балки онҳо одамоне ҳастанд, ки ҳалок мешаванд, наздикони худро аз даст медиҳанд, ҷароҳатҳои вазнин бардошта зарарҳои зиёд мебинанд”, – навишта буд он замон намояндаи Бонк.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.