Тақдири норӯшани бузургтарин корхонаи Чину Тоҷикистон

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Сарнавишти як корхонаи бузурги металлургии Тоҷикистону Чин, ки соли 2017 дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кор оғоз карда буд, то кунун норӯшан аст.

Ин корхона соли 2017 бо харҷи 57 миллион доллари амрикоии сармояи Чин дар шаҳри Истиқлол (Табошари пешин)-и вилояти Суғд бунёд шуда буд. Гуфта мешавад соли 2020 ба далели ҳамагирии коронавирус ва солҳои пешин ба далели мушкилоти дигар кор накардааст.

Ҳатто гуфта мешавад, баъди ба кор оғоз кардан, ҳамагӣ камтар аз як сол фаъолият кардаасту сарнавишташ ба норӯшаниҳо печидааст. Раҳбарии ин корхона ваъда додаанд, ки то моҳи апрели имсол корхонаро дубора фаъол мекунанд.

Даврон Зоҳидзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истиқлол рӯзи 8-уми феврал зимни нишасти хабарияш дар ин бора ба журналистон хабар дод. Ӯ гуфт, қаблан вазири саноат ва раиси Суғд дар мавриди фаъол кардани корхона бо раҳбарии корхонаи металлургӣ, ки як шаҳрванди Чин аст, дидор карда буданд.

Шаҳрдори Истиқлол мегӯяд, ҷониби Тоҷикистон ҳамаи масъулиятҳое, ки ба дӯш дошт, иҷро кард: аз қабили обтаъминкунӣ, кашидани хатти газ ва ғайра.

“Онҳо ваъда доданд, то моҳи апрел дигарбора Корхонаи металлургии Тоҷикистону Хитойро  фаъол месозанд. Мо ҳам интизори ҳамон рӯз ҳастем барои он, ки дар асоси шартнома як чанд иншооти иҷтимоӣ, аз қабили бунёди кӯдакистони нав ва таъмири роҳҳои дохили шаҳриро, ки дар ӯҳда доранд, бояд ба иҷро расонанд. Вазири саноат ва раиси вилоят низ ҳамин супоришро додаанд. Масъалаҳое, ки вобаста ба мо аст, ҳатман ҳал мекунем ва мо барои ҳамкорӣ омода ҳастем”, – гуфт шаҳрдори Истиқлол.

Пештар сару садоҳое расонаӣ шуда буд, ки яке аз далоили аз фаъолият бозмондани ин корхона андозбандӣ мебошад.

Даврон Зоҳидзода мегӯяд, мушкилии аз фаъолият бозмондани корхонаи металлургӣ ба андозбандӣ рабт надорад, зеро аз имтиёзҳои молиётӣ (андозӣ)  бархӯрдор буд. Вай гуфт, ҳарчанд корхона фаъолият намекунад, вале андози амволи ғайриманқулро пардохт мекунад. Мушкилие, ки корхона дорад, танҳо дар худи роҳбарияташ ҳаст, мегӯяд, раиси шаҳри Истиқлол.

“Мушкилие, ки имрӯз роҳбарияти Корхонаи металлургӣ гуфта истодааст, аввал ба паҳншавии бемории коронавирус дар соли 2020 вобаста аст. Баъдан масъалаи логистикӣ, яъне баровардани консентратҳо ва сеюм, нархи маҳсулоти истеҳсолии онҳо, ки дар бозори ҷаҳонӣ паст шудааст. Инҷо мушкил дар ҳукуматҳои Тоҷикистону Чин нест, балки дар роҳбарияти худи корхона аст, ки бояд мушкилияшро дар дохил худ ҳал кунад”.

Бино ба гуфти раиси шаҳри Истиқлол дар марҳилаи аввали ин корхонаи азимтарини металлургии Тоҷикистон 400 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда буданд, ки аксаран сокинони ҳамин шаҳранд ва як қисми дигар мутахассисони чинӣ буданд. Даврон Зоҳидзода мегӯяд:“агар ба ваъда вафо кунанд, моҳи апрел марҳилаи дуюми корхона ва то охири соли 2021 марҳилаи ниҳоӣ – сеюми корхона бояд анҷом ёбад, ки дар он вақт дар умум 1400 нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд”.

Корхонаи металлургии Тоҷикистону Чин 16-уми ноябри соли 2017 бо ҳузури президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба баҳрабардорӣ супурда шуда буд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуотии раисҷумҳур, корхонаи металлургӣ дар марҳилаи аввал истеҳсоли металли сурбро ба роҳ монд, ки иқтидори лоиҳавӣ дар як сол 50 ҳазор тонна металли сурб мебошад. 

Минтақаи саноатии Тоҷикистону Чин дар масоҳати 70 гектар замин дар шаҳри Истиқлол бунёд шуда, дар назар аст боз корхонаҳои нави руҳ, аккумулятор, тезоби сулфат, нуриҳои минералӣ ва қисмҳои эҳтиётии саноати кӯҳкорӣ сохта шаванд. Мақомоти шаҳри Истиқлол мегӯяд, онҳо интизори фаъол шудани Корхонаи металлургии Тоҷикистону Чин ҳастанд, ки ин корхона метавонистааст дар афзудани истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр такони ҷиддие бахшад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...