Асосгузори ҶСК “Бонки Эсхата”ба синни мубораки 80 расид!

Дӯстон, наздикону пайвандон ва ҳайати кормандони “Бонки Эсхата”

Диловар Маҷидович Носиров – Асосгузори ҶСК "Бонки Эсхата", бонкдори ботаҷриба, ки дар рушди самти бонкдории кишвар саҳми назаррас гузоштаанд, имрӯз ба синни мубораки 80 расиданд!

Неъмати бузург ва ҳикмати боасрор ба шахсиятҳое насиб мегардад, ки воқеан худодод ҳастанд. Ақлу заковати онҳо аз ботин ҳувайдо мегардад ва бо нерўи бузургу ғайрати беҳамто мунтазам ба пеш ҳаракат мекунад. Чунин инсонҳо оромӣ ва қарор надоранд, барояшон синну сол ва ё омилҳои дигари боздоштани суръати кору пайкор мавҷуд нест. Худро доимо дар ҳаракат ва баракат мебинанд. Гўё маҳз ба ҳамин хотир ба дунё омадаанд, то аз худ осоре ва мероси бузерге боқӣ гузоранд.

Диловар Носиров зодаи шаҳри бостонии Хуҷанд. Шаҳре, ки шахсиятҳои нодиру бузургро ба дунё овардаасту ба оғўши олами фарҳангу маданияти умумибашарӣ ниҳодааст. Боиси ифтихори ҳар фарди ватандўст ва соҳибимон мебошад, ки дар замони мо ин гуна инсонҳои бузург кам нестанд, ва яке аз онҳо Диловар Носиров мебошанд.

Соҳибҷашни имрӯза бо меҳнати ҳалол ва заҳматҳои зиёд, аз як корманди оддии комбинати консервабарории Хуҷанд, то ба директори бахши Бонки давлатии СССР дар ш.Чкаловск (1978-1999с.) роҳи касбиро тай намуданд.

Идеяи таъсиси ҶСК “Бонки Эсхата” ҳамчун бонки тиҷоратӣ ба Диловар Носиров тааллуқ дорад.

Дар солҳои 1993-1994 таъсиси бонки тиҷоратӣ ва дар маҷмӯъ, оғози ҳама гуна тиҷорат кори осон набуд. Махсусан дар аёме, ки зиёда одамон аз нобарории кор ва душвории зиндаги руҳафтода мешуданд, аммо Диловар Носиров нақшаи стратегии худро кашида, коргоҳеро бунёд намуданд, ки то ҳол самараи пурборашро дида истодаем.

Вай тавонист на танҳо нақшаи стратегии худро амалӣ кунад, балки барои рушди минбаъдаи он низ саъйю кушиш намояд. Имрӯз, ҶСК "Бонки Эсхата" яке аз иштирокчиёни бузурги бозори хизматрасонии бонкӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва ба сеяки бонкҳои низомсози кишвар шомил аст.

Ин ҳама ба шарофати таҳкурсии дурусти гузошташудаи Асосгузори бонк, касбияти баланд ӯ, қобилияти барқарор намудани робитаҳои судманд бо шарикону мизоҷон, ва хоҳиши беандоза барои саҳмгузорӣ дар беҳтар намудани шароити иҷтимоӣ ва некӯаҳволии мардум, инчунин дастгирии соҳаи бонкдорӣ ва иқтисодиёти кишвар.

То ба имрӯз роҳбарият ва кормандони ҶСК "Бонки Эсхата" таҷрибаи бой ва дастурҳои Диловар Носировро дар фаъолияти худ татбиқ менамоянд.

Диловар Носиров барои нафарони зиед хаққи устодӣ, падарӣ, дустӣ доранд. Ба одамони зиёд барои интихоби роҳи дуруст дар зиндагӣ кӯмаки худро расонидаанд. Ба яке барои гирифтани маълумоти оли, ба дигаре интихоби касби дуруст, ба нафари дигар шинохти шахсияти худ, ба ниёзмандон расонидани кумаки амалии моддӣ ва бисёр дигар кору пайкори неки Диловар Носиров дар хотираҳои одамон ва аҳли ҷомеа нақш бастааст.

Раисбобои гиромиқадр!

Дӯстону пайвандон ва ҷомеъаи меҳнатии бонки таъсисдодаатон нисбати Шумо эҳтиром ва муҳаббати беандоза доранд!

Шуморо бо 80-умин солгарди умратон самимона табрик мегӯем! Дар ин рӯзи фараҳбахш бароятон саломатӣ ва нерӯи бузург таманно дорем. Ҳамеша чунин меҳрубон, дилсӯз ва бузургвор боқӣ бимонед!

Зодрӯз муборак!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...