Гумонбарии расмии 5 тоҷик дар Олмон ба узвият дар ДОИШ

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Додситонҳои Олмон рӯзи душанбе гуфтанд, ки панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро расман ба узвият дар гуруҳи ДОИШ ва фаъолият дар ҳалқаи ин созмон дар Олмон муттаҳам кардаанд.

Тавре Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо такя ба баёнияи Додситонии кулли Олмон аз 15 феврал иттилоъ медиҳад, додситонҳои федеролӣ парвандаро рӯзи 1-уми феврал ба додгоҳи шаҳри Дюсселдорф супурдаанд, ки моҳи гузашта дар инҷо як шарики ин панҷ нафарро бо гуноҳи узвият дар гуруҳи ДОИШ, таъсиси ҳалқаи созмон дар Олмон ва тарҳрезии ду ҳамла ба 7 соли зиндон маҳкум карданд.

Гуфта мешавад, бар асоси муқарророти қонунии Олмон номи муттаҳамонро пурра ошкор накардаанд ва аз онҳо Фарҳодшоҳ К, Муҳаммадӣ Г. Сунаттулоҳ К, Азизҷон Б ва Комрон Б ном бурдаанд. Додситонҳо мегӯянд, ки Азизҷон Б шабакаҳои тарғиботии ақидаҳои ДОИШ бо забони русиву тоҷикиро таъсис дода ва барои ин созмон пул ҷамъ мекардааст.

Ба қавли додситонҳо, ин ҷавон ҳамчунин шахсан дар ҷалбу ҷазби аъзо ба ДОИШ ва боз кардани роҳ барои таъсиси ҳалқаи созмон дар соли 2109 кӯмак кардааст. Ба гуфтаи додситонҳо, ҳадафи ин гуруҳ, ки бо раҳбарони ДОИШ дар Сурияву Хуросон иртибот доштааст, анҷоми ҳамла дар Олмон будааст.

Азизҷон Б. ҳамчунин ба он муттаҳам мешавад, ки бо аъзои ҳалқаи “Хуросон”-и гуруҳи ба ном Давлати исломӣ пул мефиристод ва барои тарғиби ақидаҳои ифротии ин созмон замимаҳо ба забони тоҷикӣ сохтааст. Ҳамаи ин ҷавонон ҳамроҳ бо Равшани зиндонишуда дар моҳи гузашта узви ҳалқаи ДОИШ хонда шудаанд.

Дар баёнияи Додситонии кулли Олмон омадааст, ки ин ҷавонон бо бозии пейнтбол “маҳорати ҷангӣ” омӯхтаанд. Ба қавли муфаттишон, чанде аз онҳое, ки бо ҷавонони тоҷик бозӣ мекарданд, бо фарди мусаллаҳе робита доштаанд, ки моҳи ноябри соли гузашта 4 нафарро дар шаҳри Вена кушт. Додситонӣ ҳамчунин гуфтааст, ки онҳо баъзе аз таркибҳои бомби “ғайримаъмулӣ” кашфу мусодира кардаанд.

Дар идомаи баёния омадааст, ки Фарҳодшоҳ ва Равшан соли 2019 ба Албания сафар кардаанд, то бо қатли фармоиши як соҳибкори албанӣ 40 ҳазор доллар ба даст оварда, барои фаъолиятҳои Давлати исломӣ харҷ кунанд. Азбаски ҳуввияти соҳибкори албаниро дақиқ карда натавонистаанд, ин амалиётро анҷом надодаанд.

Муфаттишон ҳамчунин мегӯянд, ки Равшан ба Сунаттулоҳ як туфангча додааст, то як мардеро, ки дини исломро дар Ютуб танқид мекард, бикушад, вале мақомоти Олмон пеши роҳи ин ҷиноятро гирифтаанд. Баъди ин ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, ин ҳалқаи ДОИШ стратегияи фаъолияташонро тағйир дода, ба ифротӣ кардани ҷавонони мусулмон дар Олмон ва ҷамъ кардани пул барои ДОИШ рӯ овардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...