“Ҳоло не”. Рамазон Раҳимзода аз миллӣ шудани рутбаҳои низомӣ ҷонибдорӣ накард

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

“Ба тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ ҳоло зарурат нест”, – изҳор дошт имрӯз зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода.

Ӯ таъкид намуд, ки барои татбиқ кардани пешниҳоди Кумитаи забону истилоҳоти назди ҳукумат бобати тарҷумаи рутбаҳои ҳарбӣ маблағи зиёд лозим аст.

Ғайр аз ин, қайд кард вазир, ба баъзе қонунҳо низ тағйироту илова ворид намудан лозим меояд.

“Шояд замоне фаро расад, ки рутбаҳои ҳарбӣ ба тоҷикӣ номгузорӣ шаванд, лекин ҳоло не”, – зикр кард вазир.

Ёдрас мекунем, ки Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон ахиран тарҳи баробарӣ ё гузинаи тоҷикии рутбаҳои низомӣ дар артиш ё Қувваҳои мусаллаҳро ба ҳукумат пешниҳод кардааст. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии 17 феврал мудири шуъбаи истилоҳоти Кумита Абдураҳим Зулфониён хабар дод.

Зулфониён гуфт, дар сурати пазируфта шудани тарҳи пешниҳодӣ аз сӯйи ҳукумат рутбаҳо чунин хоҳанд буд: 

«ефрейтор – радабон, младший сержант – даставар, сержант – дастаёр, старший сержант – дастабон, старшина – сардаста, прапорщик – силаҳбон,  лейтенант –  таҳамдор, капитан – таҳамтан, майор – саргурд,  подполковник – сарҳангёр, полковник – сарҳанг, генерал – солор, генерал-майор – гундсолор, генерал-лейтенант – лашкарсолор, генерал-полковник – сипаҳсолор ва генерал армии – артишсолор».

Бояд гуфт, ки ду сол пеш дар Тоҷикистон мақомот тасмим гирифтанд, ки дараҷаҳои низомӣ ё рутбаҳои Артиши миллии Тоҷикистонро миллӣ кунанд. Дар ин замина комиссияи муштараке  ташкил шуд. Коргурӯҳи муштараки вожагузинии Кумитаи забону истилоҳот ва Вазорати дифоъ барои ин кор масъул шуд. Ин Коргурӯҳ як тарҳи нимаеро пешниҳод карда буд, ки баҳсҳои доғеро ба бор овард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.