Ягона ва нахустин донишкадаи хусусии тиббии Тоҷикистон ба Маркази тестӣ пайвастааст

Донишкадаи тиббиву иҷтимоии Тоҷикистон – ягона мактаби олии хусусӣ ё ғайридавлатии Тоҷикистон ҳам шомили Маркази миллии тестӣ шудааст ва довталабони он имсол тариқи ин марказ имиҳон месупоранд. Ба ҷуз ин ду коллеҷи дигари тиббӣ дар Бохтар ва Данғара ҳам ба ин Марказ пайвастаанд, гуфт Хуршед Икромӣ, мудири ин ниҳод дар нишасти хабарии имрӯз. Донишкадаи тиббиву иҷтимоии […]

Донишкадаи тиббиву иҷтимоии Тоҷикистон – ягона мактаби олии хусусӣ ё ғайридавлатии Тоҷикистон ҳам шомили Маркази миллии тестӣ шудааст ва довталабони он имсол тариқи ин марказ имиҳон месупоранд. Ба ҷуз ин ду коллеҷи дигари тиббӣ дар Бохтар ва Данғара ҳам ба ин Марказ пайвастаанд, гуфт Хуршед Икромӣ, мудири ин ниҳод дар нишасти хабарии имрӯз.

Донишкадаи тиббиву иҷтимоии Душанбе соли гузашта мақоми мактаби олиро ба даст овард, ки то ин замон Коллеҷи тиббиву иҷтимоии Душанбе буд.  

Мудири Марказ мегӯяд, ки соли гузашта онҳо қоидаҳои нави имтиҳоноти дхилшавиро коркард кардаанд, ки супурдани як имтиҳоне, ки аз ҷузъҳо иборат буд, як имтиҳон супурдаанд. Ба назари  Икромӣ ин кор натиҷаи хуб додааст ва кори қабули имтиҳонҳоро осон кардааст.

Абдулбосит Шодиниё дар ин нишаст изҳори нигаронӣ кард, ки баъзе аз довталабон бархе аз тахассусҳои техникиро интихоб намекунанд ё хеле кам интихоб мекунанд. Ӯ гуфт соли гузашта, ҳатто тахассуси геология ва ҳайкалсозиро дар баъзе донишгоҳҳо касе интихоб накард. Ҳарчанд тибқи нақша ин тахасссусҳо бояд 15-20 нафар донишҷӯ мегирифтанд. 

Ин ниҳод мегӯяд, ба далели дастрасӣ надоштани аксари довталабон ба шабакаи интернет онҳо бархе хидматрасониҳои ин марказро натавонистаанд истифода кунанд. Барои ҳамин ин марказ  хидматрасониҳоеро татбиқ кардааст, ки бидуни дастрасӣ ба интернет ҳам мешавад аз онҳо истифода кард. 

Пайвастани  ягонаи мактаби олии ғайридавлатии Тоҷикистон ба Маркази миллии тестӣ дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон таҷрибаи доштани мактабҳои олии хусусӣ чандон муваффақ нест. Чанд сол дар Тоҷикистон ин гуна донишкадаву донишгоҳҳо буданд, аммо бо ҳар баҳонае онҳоро аз низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон берун карданд.

Аз ҷумла дар солҳои 2010-2011 сарнавишти Донишкадаи технологияи иноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон баҳсҳои зиёде дар расонаҳо ва ҷомеаи Тоҷикистон дошт, ки саранҷом ба қатъи фаъолияти он анҷомид. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.