Боз хунук мешавад: КҲФ аз боришоти шадид дар Тоҷикистон хабар медиҳад

Asia-Plus

Аз 20 то 23 феврал вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон якбора ноустувор шуда, дар водиҳо борон ва дар кӯҳу доманакӯҳҳо барф меборад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки боришоти зиёд дар минтақаҳои кӯҳистон ва теппадор метавонад ба шусташавии хок ва ба ҳаракат омадани он (лағзиши он) ва болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис гардад, ки дар навбати худ, метавонад ба шусташавии соҳилҳои рӯдхонаву кӯлҳо оварда расонад.

Бар асари боришоти зиёд эҳтимоли фаромадани тармаву сел ва сангреза вуҷуд дорад. Обуҳавои ноустувор ҳамчунин чаронидани чорво ва нигаҳдории онро дар чарогоҳҳо душвор месозад.

Ғайр аз ин, боришоти зиёд метавонад ба босуръат болоравии сатҳи об дар дарёҳо боис гардида, ба шусташавии пастхамиҳо, заминҳои кишт, қитъаҳои роҳи паҳлӯи соҳилҳо ва пулу сарбандҳо оварда расонад.

Тавсияҳои Кумита

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандону меҳмонони кишвар тавсия медиҳад, ки қоидаҳои асосии бехатарии шахсиро риоя намуда, дар чунин шароити вазъи обуҳаво аз ҳузур доштан назди обанборҳову ба моҳидорӣ машғул шудан, ба кӯҳҳо ба сайру саёҳат рафтан, шикору ҷамъоварии ҳезум даст кашанд. Ба нигоҳубини кӯдакон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, онҳоро бе назорат нагузоранд ва ба чорвочаронӣ нафиристанд.

Инчунин ба шаҳрвандоне, ки дар манотиқи рустоӣ ва кӯҳӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия дода мешавад, ки мӯзаҳои резинӣ гиранд, ҳамеша   телефонҳои мобилии худро фаъол нигоҳ доранд, доруҳои дорухонаи шахсии худро нав кунанд,  системаҳои равшанидиҳандаи иловагӣ харанд.

Кумита аз аҳолӣ дархост мекунад, ки ҳамаи ҷӯйбору наҳр, қубурҳои обпартои назди хонаҳояшонро тоза кунанд.

Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар роҳҳои мошингард, хусусан ҳангоми истифодаи роҳҳои кӯҳӣ ва ағбаҳо, боисрор аз ронадагон дархост мешавад, ки ҳаракатҳоро бахусус шабона маҳдуд сохта, қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва суръати ҳаракату масофаро қатъиян риоя намоянд.

Ҳамчунин ба одамоне, ки аз бемориҳои дилу раг азият мекашанд, тавсия дода мешавад, ки эҳтиёт кунанд ва ҳамеша доруҳои заруриро бо худ дошта бошанд.

Зимнан зикр мешавад, ки дар сурати ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода ё ягон ҳолати нохуш, шаҳрвандон метавонанд ба телефони рақами 112 ё навбатдори фаврии КҲФ ва МГ: 112; 93 880 28 19 ва 223-13-11 муроҷиат кунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...