Боздошти ҷарроҳи беморхонаи нерӯҳои марзбонии КДАМ барои порагирӣ

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони раёсати мубориза бо фасоди Тоҷикистон як ҷарроҳи бемористони марказии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии  кишвар Фаридун Мирзоевро бо иттиҳоми гирифтани пора  боздошт карданд.

"Барои сохтан ва додани санади қалбакии тиббӣ дар бораи корношоямии яке аз сарбозон, табиб аз волидайни  сарбоз 20 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ба Мирзоев муяссар шуд, ки аз модари сарбоз 1 ҳазор доллари амрикоӣ ва 2 ҳазор сомонӣ гирад", –  иттилоъ медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.

Гуфта мешавад, духтури ҳарбӣ ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда – 8 ҳазор сомонӣ пора дастгир карда шуд.

Нисбати Мирзоев бар асоси моддаи 324, қисми 1 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ӯро то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.