Боздошти ҷарроҳи беморхонаи нерӯҳои марзбонии КДАМ барои порагирӣ

Кормандони раёсати мубориза бо фасоди Тоҷикистон як ҷарроҳи бемористони марказии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии  кишвар Фаридун Мирзоевро бо иттиҳоми гирифтани пора  боздошт карданд. "Барои сохтан ва додани санади қалбакии тиббӣ дар бораи корношоямии яке аз сарбозон, табиб аз волидайни  сарбоз 20 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ба Мирзоев муяссар шуд, ки аз модари сарбоз […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Кормандони раёсати мубориза бо фасоди Тоҷикистон як ҷарроҳи бемористони марказии нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии  кишвар Фаридун Мирзоевро бо иттиҳоми гирифтани пора  боздошт карданд.

"Барои сохтан ва додани санади қалбакии тиббӣ дар бораи корношоямии яке аз сарбозон, табиб аз волидайни  сарбоз 20 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ба Мирзоев муяссар шуд, ки аз модари сарбоз 1 ҳазор доллари амрикоӣ ва 2 ҳазор сомонӣ гирад", –  иттилоъ медиҳад маркази матбуотии ин ниҳод.

Гуфта мешавад, духтури ҳарбӣ ҳангоми гирифтани маблағи боқимонда – 8 ҳазор сомонӣ пора дастгир карда шуд.

Нисбати Мирзоев бар асоси моддаи 324, қисми 1 –и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, ӯро то ду соли зиндон таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.