Қарздиҳӣ ба ипотека дар Тоҷикистон 20% афзуд

Ҳаҷми қарздиҳӣ ба ипотека дар низоми бонкии Тоҷикитсон соли 2020 пас аз тағғйирот ба қонунгузорӣ қариб 20% афзуд. Соли гузашта ҳаҷми умумии қарзҳои ба ипотека додашуда дар кишвар 102,9 млн сомониро ташкил дод, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии ҷумҳурӣ. Дар Бонки миллӣ қайд карданд, ки соли 2019 ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи умумии 85,8 […]

Ҳаҷми қарздиҳӣ ба ипотека дар низоми бонкии Тоҷикитсон соли 2020 пас аз тағғйирот ба қонунгузорӣ қариб 20% афзуд.

Соли гузашта ҳаҷми умумии қарзҳои ба ипотека додашуда дар кишвар 102,9 млн сомониро ташкил дод, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии ҷумҳурӣ.

Дар Бонки миллӣ қайд карданд, ки соли 2019 ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи умумии 85,8 млн сомонӣ ба ипотека қарз дода буданд.

Ба ин тариқ, ҳаҷми умумии сандуқи ипотека (бақияи қарзҳои амалкунандаи ипотека) ба аввали соли равон ҳудуди 400 млн сомониро ташкил медиҳад, ки каме бештар аз 3,6% дар бақияи умумии қарзҳо (11 млрд сомонӣ) ба аввали соли 2021 мебошад.

Ҳаҷми нисбатан пасти қарздиҳӣ дар ин самтро дар Бонки миллӣ норасоии захираҳои молиявии дарозмуҳлат ва нисбатан арзон, ки аз ҷониби бонкҳо ҷалб мешаванд, маънидод мекунанд.

Меъёри миёнавазн аз рӯйи ипотека бо асъори миллӣ айни замон 22% ва меъёр аз рӯйи амонат 9,93%-ро ташкил медиҳад.

Қонун чӣ мегӯяд?

Қонун “Дар бораи ипотека” соли 2008 қабул шуда, то авали соли 2019 бонкҳо барои харидани манзил ҳамагӣ наздики 210 млн сомонӣ қарз додаанд.

Дар бонкҳо қайд мекарданд, ки намехоҳанд таваккал карда, дар шароити норасоии маблағҳои озод қарзҳои дарозмуҳлат диҳанд ва ва барои баҳсҳои судӣ вақту неруи иловагӣ сарф кунанд.

Дар натиҷа охири соли 2019 ба қонун “Дар бораи ипотека” тағйирот ворид шуда, онҳо аз аввали соли 2020 мавриди амал қарор гирифтанд.

Дар тағйирот ба фурӯш гузоштани предмети ипотека бо тартиби ғайрисудӣ барои пардохт накардан ё саривақт пардохт нашудани қарз пешбинӣ шудааст.

Танҳо он қарордодҳое, ки то замони мавриди амал қарор гирифтани тағйирот ба қонун ба имзо расидаанд, бо тартиботи судӣ баррасӣ шуда метавонанд.

Аммо гаравдеҳ ҳуқуқ дорад, ки бо тартиби судӣ ба фурӯши предмети ипотека эътироз оварда, ё талаб кунад, ки навишитаи иҷрои нотариус ғайриҳаққонӣ шуморида шавад.

Ба истилоҳи дигар, агар қаблан дар қонун ҳалли ҳама гуна баҳс дар мавриди ипотека байни бонк ва қарзгиранда танҳо бо тартиби судӣ пешбинӣ мешуд, акнун бонк дар сурати пардохт нашудани қарз, гарави мизоҷро бе баҳси судӣ ба савдо гузошта метавонад. Лекин ин маънои онро надорад, ки қарзгиранда барои муроҷиат ба суд ҳуқуқ надорад, агар чунин шуморад, ки қарздиҳанда ҳуқуқҳои ӯро поймол кардааст.

Айни замон аз  “Аввалин бонки молиявии хурд”, “Спитамен Бонк”, “Бонки Эсхата”, “Алиф Бонк”, “Бонки Арванд”, “Бонки Осиё”, инчунин якчанд ташкилоти қарзии хурд, аз ҷумла ТҚХ “Ҳумо” ва “Имон” метавон барои харидории манзил (ипотека) қарз гирифт

Айни замон дар низоми бонкии Тоҷикистон дар умум 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки маъмулӣ, 1 бонки исломӣ, 18 ташкилоти амонатгузории қарзии хурд, 5 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фондҳои қарзии хурд амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.