Президент ба тақвияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикитсон сарбозону афсарони артиши кишварр самимона табрику таҳният гуфт. Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 аз сифр ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз бахшид. Ба гуфтаи сарвари давлат, ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 29-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикитсон сарбозону афсарони артиши кишварр самимона табрику таҳният гуфт.

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 аз сифр ба таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ оғоз бахшид.

Ба гуфтаи сарвари давлат, ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.

“Бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан, яъне афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар айёми ниҳоят душвор ва барои мардуми кишвар тақдирсоз сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсӣ барқарор гардида, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд”, – гуфт президент.

Зикр шуд, ки афсарону сарбозони ватандӯст ва бонангу номуси кишвар дар давраи бисёр мураккабу вазнин вазифаи таърихии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи Тоҷикистон содиқона ва ҷавонмардона иҷро карданд.

Президент аз насли кунунии хизматчиёни ҳарбии Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ба анъанаҳои неки гузаштагони худ идома бахшанд.

Сохторҳои давлатии марбута вазифадор шуданд, ки тарбияи ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастиву ватандӯстӣ тақвият диҳанд.

Айни замон Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз Қӯшунҳои зудамал ва хушкигард, Қувваҳои ҳарбию ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ иборатанд.

Тибқи нақшаи ҳукумат ва Вазорати мудофиаи кишвар, гузашти низомии пуршукӯҳ моҳи сентябри соли 2021 дар ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо иштироки ҳамаи ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳ доир мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.