Вазири корҳои дохилии Эрон ба Душанбе омад

Вазири корҳои дохилии Эрон Раҳмони Фазлӣ шаби гузашта бо сафари кории дурӯза ба Душанбе ташриф овард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Вазири корҳои дохилии Эронро имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Дар назар аст, ки ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ мекунанд. Дар ҳамин […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Эрон Раҳмони Фазлӣ шаби гузашта бо сафари кории дурӯза ба Душанбе ташриф овард, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Вазири корҳои дохилии Эронро имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Дар назар аст, ки ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабаргузории эронии ИРНА, Раҳмони Фазлӣ бо даъвати ҳамтои тоҷики худ Рамазон Раҳимзода ба Тоҷикистон омадааст ва имрӯз ҷонибҳо дидору гуфтушунид мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки Эрон яке аз аввалин кишварҳоест, ки ба Тоҷикистон дар мубориза бо сирояти коронавирус кумак кард: аввали моҳи майи соли гузашта Теҳрон барои муқовимат бо COVID-19 ба Душанбе 8,5 тонна маводи тиббӣ фиристод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.