Оғози мавсими намоишҳои театри касбӣ дар Тоҷикистон

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Моҳи апрел дар Тоҷикистон мавсими намоишҳои театрҳои касбӣ  оғоз мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз рӯзи 3-юми апрел оғоз гардида, аз ҷониби кормандони вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ  дар ду мавсим доир мегардад.

«Дар мавсими аввали он спектаклҳо рӯзҳои 3, 10, 17, 24  апрел, 8, 15 май ва 12 июни соли равон  дар Театри давлатии академии драмавии ба номи  А. Лоҳутӣ, Театри  Опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский ба саҳна гузошта мешаванд», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, инчунин мавсими дуввуми намоиши спектаклҳо 2, 9, 16, 23, 30 октябр дар театрҳои болозикр доир мешавад.

Ба гуфти масъулини ин ниҳод, дар репертуари театрҳо соли равон намоиши асарҳои нави саҳнавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Таҳияи асарҳои нав дар репертуари муассисаҳои театрӣ аз моҳи апрел тартиб дода шудааст.

Ҳамчунин нимаи дуюми моҳи майи соли равон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту-2021» баргузор мегардад, ки тӯли як ҳафта мухлисони театрӣ метавонанд аз намоишҳои озмунӣ ба таври ройгон бархурдор гарданд.

Дар ин давра намоишҳои  «Хостгорӣ»-и  Антон Чехов,  «Гунҷишкакон ҳам механданд»-и  Кароматуллои Мирзо, «Гамлет»-и  У. Шекспир, «Хусрав ва Ширин»-и   А. Мӯсоев,  «Исфандиёр»-и  А. Фирдавсӣ, «Қиссаи ғамгину рангин»-и Тӯрахон Аҳмадхонов, «Туҳфа аз муҳоҷират»-и Шодӣ Солеҳ, «Хонума»-и А. Тсагерали, «Комде ва Мадан»-и  Зиёдулло Шаҳидӣ, «Ватандорӣ»-и Лоиқ Шералӣ ва ғайраҳо  ба саҳна гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.