Оғози мавсими намоишҳои театри касбӣ дар Тоҷикистон

Моҳи апрел дар Тоҷикистон мавсими намоишҳои театрҳои касбӣ  оғоз мегардад. Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз рӯзи 3-юми апрел оғоз гардида, аз ҷониби кормандони вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ  дар ду мавсим доир мегардад. «Дар мавсими аввали он спектаклҳо рӯзҳои 3, 10, 17, 24  апрел, 8, 15 май ва 12 […]

Моҳи апрел дар Тоҷикистон мавсими намоишҳои театрҳои касбӣ  оғоз мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати фарҳанг, тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз рӯзи 3-юми апрел оғоз гардида, аз ҷониби кормандони вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ  дар ду мавсим доир мегардад.

«Дар мавсими аввали он спектаклҳо рӯзҳои 3, 10, 17, 24  апрел, 8, 15 май ва 12 июни соли равон  дар Театри давлатии академии драмавии ба номи  А. Лоҳутӣ, Театри  Опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский ба саҳна гузошта мешаванд», – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, инчунин мавсими дуввуми намоиши спектаклҳо 2, 9, 16, 23, 30 октябр дар театрҳои болозикр доир мешавад.

Ба гуфти масъулини ин ниҳод, дар репертуари театрҳо соли равон намоиши асарҳои нави саҳнавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Таҳияи асарҳои нав дар репертуари муассисаҳои театрӣ аз моҳи апрел тартиб дода шудааст.

Ҳамчунин нимаи дуюми моҳи майи соли равон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту-2021» баргузор мегардад, ки тӯли як ҳафта мухлисони театрӣ метавонанд аз намоишҳои озмунӣ ба таври ройгон бархурдор гарданд.

Дар ин давра намоишҳои  «Хостгорӣ»-и  Антон Чехов,  «Гунҷишкакон ҳам механданд»-и  Кароматуллои Мирзо, «Гамлет»-и  У. Шекспир, «Хусрав ва Ширин»-и   А. Мӯсоев,  «Исфандиёр»-и  А. Фирдавсӣ, «Қиссаи ғамгину рангин»-и Тӯрахон Аҳмадхонов, «Туҳфа аз муҳоҷират»-и Шодӣ Солеҳ, «Хонума»-и А. Тсагерали, «Комде ва Мадан»-и  Зиёдулло Шаҳидӣ, «Ватандорӣ»-и Лоиқ Шералӣ ва ғайраҳо  ба саҳна гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.