Сокини Ёвон барои куштани ҳамсари ҳомилааш ба 22 соли зиндон маҳкум шуд

Суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Ёвон Уразмат Қарақуловро барои куштори ҳамсар ба 22 соли зиндон маҳкум кард. Ҳукм нисбати Қарақулови 33-сола аз ҷониби додрас Ҳабибулло Сайдализода рӯзи 23 феврал содир шуд. Суд ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф намуд. Мувофиқи маводи парвандаи ҷиноятӣ ҷанҷол байни ҳамсарон дар заминаи […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Суди вилояти Хатлон сокини ноҳияи Ёвон Уразмат Қарақуловро барои куштори ҳамсар ба 22 соли зиндон маҳкум кард.

Ҳукм нисбати Қарақулови 33-сола аз ҷониби додрас Ҳабибулло Сайдализода рӯзи 23 феврал содир шуд. Суд ӯро дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон гунаҳкор эътироф намуд.

Мувофиқи маводи парвандаи ҷиноятӣ ҷанҷол байни ҳамсарон дар заминаи рашк сар задааст. Қарақулов ҳамсарашро дар хиёнат бо амаки худаш Муродалӣ Қарақулов гумонбар медонистааст.

Рӯзи 27 ноябри соли 2020 зимни ҷанҷоли навбатии оилавӣ ҳамсари 33-солаи Қарақулов Бибиҳол Бобоҷонова, ки дар батнаш тифли 2-моҳа доштааст, ба шавҳараш мегӯяд, ки фарзанди батнаш аз ӯ неву аз Муродалӣ Қарақулов аст.

Аз ин гуфта маҳкумшуда ба ғазаб омада, аввал ба рӯйи занаш чанд мушт зада, сипас бо корд ба гарданӣ зан се зарба мезанад, ки дар натиа Бобоҷонова аз захмҳои бардошта ва хунравии зиёд дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Додрас Ҳабибулло Саййдализода қайд кард, ки гуноҳи Уразмат Қарақулов дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ пурра исбот шуд. Муҳлати ҷазоро ӯ дар зиндони ниҳомаш сахт адо мекунад.

Ҳамчунин суд қарор кард, ки се кӯдаки ин оила ба тарбияи бародари марҳум дода мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.