Филми Дилшод Авазов ба ҷоизаи махсуси кинофестивали байналмилалӣ соҳиб шуд

Филми кӯтоҳи “Парвонаҳо” (Мотыльки) -и коргардони тоҷик Дилшод Авазов дар ҷамъбасти Ҷашнвораи байналмилалии «Зилант» соҳиби ҷоизаи махсуси ҳакамон гардид. Кинофестивали байналмиллалии «Зилант» рӯзҳои 20-21 феврал дар шаҳри Қазони Федератция Русия баргузор гардид. Тавре ба “Азия-Плюс” коргардони ин филм Дилшод Авазов хабар дод, “Парвонаҳо” филми бадеӣ мебошад, ки аз 25 дақиқа давом мекунад. Филми мазкур дар […]

Филми кӯтоҳи “Парвонаҳо” (Мотыльки) -и коргардони тоҷик Дилшод Авазов дар ҷамъбасти Ҷашнвораи байналмилалии «Зилант» соҳиби ҷоизаи махсуси ҳакамон гардид.

Кинофестивали байналмиллалии «Зилант» рӯзҳои 20-21 феврал дар шаҳри Қазони Федератция Русия баргузор гардид.

Тавре ба “Азия-Плюс” коргардони ин филм Дилшод Авазов хабар дод, “Парвонаҳо” филми бадеӣ мебошад, ки аз 25 дақиқа давом мекунад.

Филми мазкур дар шаҳри Санкт-Петербург бо забони русӣ ба навор гирифта шудааст. Аммо воқеаи филм дар Тоҷикистон мегузарад.

 Дар филми Парвонаҳо актёрҳо аз ҳар давлати хориҷӣ ширкат карданд ва сабаби бо забони русӣ наворбардории филм ҳам дар ҳамин мебошад. Мазмуни ин филм дар бораи духтаре, ки дигарон барои ӯ чӣ тавр зиндагӣ карданро интихоб мекарданд, қисса мекунад. Онҳо фикр мекарданд ки ба ӯ хубӣ мекунанд, вале мутаассифона, ҳаёти духтарро барбод доданд.

Ба гуфтаи Дилшод, дар нақши асосӣ Усмон Тӯраев аз Тоҷикистон ва Анна Гуляева аз Русия бозӣ кардаанд. Кинофестивал дар шаҳри Қазон “Зиланд” ҳар сол баргузор мегардад ва аз шаҳру ноҳияҳои зиёди худи Русия иштирок мекунанд.

Ва зиёда аз 20 давлатҳои дигари дунё иштирок доштанд. Ба гуфтаи Дилшод Авазов, филмро худаш маблағгузорӣ кардааст. Филмро дар хонаи як дӯстам ба навор гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.