Гази моеъ дар Тоҷикистон ба шиддат гарон мешавад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории пойтахти Тоҷикистон аз оғози соли равон қариб ба андозаи 12,5% қимат шуд.

Як литр нархи ин сӯзишвории мошин имрӯз 4,5 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки аввали соли равон он бо арзиши 4 сомонӣ фурӯхта мешуд. Суръати нисбатан баланди болоравии нархи он тайи ду ҳафтаи охир сурат гирифта, шояд ин ҷараён минбаъд низ идома ёбад.

Фурӯшандагони гази моеъ сабаби болоравии нархи онро афзоиши арзиши яклухти он дар кишварҳои содиркунанда маънидод мекунанд.

Дар Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон қайд мекунанд, ки ба таҳқиқу муайян кардани масъалаи то кадом андоза асоснок будани болоравии нархи гази моеъ машғуланд.

Бо вуҷуди дар ин бозор мавҷуд набудани ширкати ҳукмрон (доминант), Хадамот доимо арзиши ин навъи сӯзившориро месанҷад. Соли 2018 ҳукумат қарори махсусе қабул кард, ки мувофиқи он Хадамот метавонад нархҳоро ба молу маҳсулоти аз лиҳози иҷтимоӣ аҳаммиятнок, ки гази моеъ низ ба он дохил аст, танзим кунад.

Дар ҳамин ҳол, ронандагони автомашинаҳо аз мунтазам қиматшавии гази моеъ тайи ду соли охир изҳори нигаронӣ мекунанд.

“Соли 2018 як литр гази моеъ 2-2,2 сомони нарх дошт, – мегӯяд як ронандаи мусофиркаш. – Имрӯз нархи он ба 5 сомонӣ мерасад. Дар ин ҳолат мо маҷбур мешавем, ки ба истифодаи навъҳои маъмулӣ ва бештар сифатноки сӯзишвориҳо гузарем”.

Ӯ қайд кард, ки сабаби асосии аз гази моеъ ба истифодаи бензин гузаштани ронандагон дар он аст, ки тайи даҳсолаи охир гази моеъ нисбатан арзон буд, лекин қиматшавии минбаъдаи он ногузир ба он оварда мерасонад, ки аз истифодаи он даст кашидан лозим меояд.

Илова бар ин, қайд кард ронанда, барои ба истифодаи бензин гузаштан хароҷот ба насби таҷҳизоти махсус, ки барои газ зарур буд, лозим намеояд.

“Бо сабаби нархаш маҷбур будем, ки ба истифодаи газ рӯ оварем. Зимистон хароҷот ба газ нисбат ба бензин қариб 30% зиёд аст, бо газ ба кор даровардани муҳаррик хеле душвор мебошад, инчунин вақти ба баландиҳо ҳаракат доштан низ мушкилиҳо пеш меояд”, – илова кард ӯ.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 60%-и нақлиёти автомобилӣ ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...