Операторони хусусии Тоҷикистон соли гузашта 243 млн доллар кор карданд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Даромади операторони хусусии ҷумҳурӣ дар соли гузашта 142 млн сомонӣ (ҳудуди 14 млн доллар бо қурби миёнаи соли 2020) афзуд.

Тавре ки Агентии омори ҷумҳурӣ хабар медиҳад, соли 2020 операторони хусусӣ 2 млрд 551 млн сомонӣ (243 млн доллар) ва соли пешин – 2 млрд 409 млн сомонӣ пул кор карданд.

Даромади воҳидҳои оператори миллии алоқаи “Тоҷиктелеком”, КВД “Почтаи Тоҷик” ва воҳидҳои Хадамоти алоқа баръакс, 88 млн сомонӣ – аз 268 млн сомонӣ дар соли 2019 то ба 180 млн сомонӣ дар соли 2020 кам шуд.

Вазни қиёсии операторони хусусӣ дар бозори алоқаи ҷумҳурӣ дар соли гузашта 93,4%ро ташкил дод. Шумори корбарони интернет то аввали соли гузашта ба 3,3 млн нафар ва муштариёни алоқаи мобилӣ – ба зиёда аз 6 млн нафар расид.

Теъдоди дастгоҳҳои телефонии низоми ҶСШК “Тоҷиктелеком” 279 ҳазор ададро ташкил медиҳад, ки 84,7  фоизашон дастгоҳҳои телефонии хонаҳо мебошанд.

Айни замон дар бозори алоқаи мобилии Тоҷикистон 4 ширкати зерин мавқеи асосӣ доранд: ҶСП «Индиго Тоҷикистон» (Tcell), ҶСП «ТТ-Мобайл» (МегаФон Тоҷикистон), ҶСП «Вавилон Мобайл» ва ҶДММ «Таком» (ZetMobile, собиқ Beeline).

Аввали моҳи октябри соли гузашта дар бораи ба фаъолият оғоз намудани боз як ширкати алоқаи мобилӣ – “О Мобайл” хабар дода шуда буд.

Афзоиши даромади операторони мобилиро дар соли 2020 пас аз коҳиш дар соли 2019 мутахассисон ба гароншавии хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ дар семоҳаи дуюми соли гузашта, инчунин дар робита ба пандемияи коронавирус, ки бар асари он аксарият ба кори фосилавӣ гузашта, мутаносибан аз алоқаи мобилӣ ва интернет зиёдтар истифода мебурданд, вобаста медонанд.

Дар рейтинги моҳи январ навшудаи Speedtest Global Index Тоҷикистон аз рӯйи суръати интернети мобилӣ  байни 140 кишвар зинаи 129-ум ва аз лиҳози интернети ноқилӣ миёни 175 давлат – мақоми 99-умро итшғол мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...