Газ дар Тоҷикистон гарон мешвад: қатъи истеҳсоли гази моеъ дар корхонаи бузурги Қазоқистон

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаи коркарди нафти (ККН)-и Атирауи Қазоқистон бо сабаби мушкилиҳои техникӣ истеҳсоли гази моеъро қатъ намуд, хабар медиҳад «Казинформ».

Интизор меравад, ки корҳои таъмиру барқароркунӣ дар ин корхона то охири ҳамин моҳ идома меёбанд.

“Дар ин робита Вазорати энергетика нақшаи таҳвили гази моеъро барои моҳи март бозбинӣ намуда, миқдор ва сохторҳои ба корхона вобастабуда байни дигар корхонаҳо тақсим карда шуданд”, – омадааст дар хабар.

Ғайр аз ин, айни замон дар Қазоқистон масъалаи манъ шудани интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба хориҷи кишвар тариқи нақлиёти автомобилӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Корхонаи Атирау дар баробари корхонаҳои Павлодар ва Чимкент яке аз се корхонаи бузурги коркарди нафти Қазоқистон мебошад.

Ёдрас мекунем, ки Қазоқистон яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи гази моеъ ба бозори Тоҷикистон дониста мешавад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 420 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуд, ки зиёда аз 90%-аш ба Қазоқистон рост меояд.

Қобили зикр аст, ки гази моеъ дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ дар бештар аз нисфи нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ истифода мешавад.

Нархи гази моеъ дар шаҳри Душанбе аз аввали соли равон 12% – аз 4 сомонӣ то ба 4,5 сомонӣ барои 1 литр боло рафт. Ҳамзамон дигар навъҳои сӯзишворӣ барои автомобил – ббензин ва сӯзишвории дизелӣ низ қимат шуданд. Афзоиши назарраси нарх ба маводи сӯзишворӣ аз аввали моҳи март ба мушоҳида мерасад.

Тамоили болоравии нархҳоро ширкатҳои воридкунанда пеш аз ҳама, ба қиматшавии нафт нисбат медиҳанд. Нархи нафт (тамғаи Brent) аз оғози соли 2021 қариб 25% зиёд шуда, рӯзи 8 март ба сатҳи токовидӣ расид ва нишондиҳандаи 71 доллар барои 1 баррелро гузашт. Боз болоравии минбаъдаи арзиши нафт пешгӯйӣ мешавад.

Қиматшавии маҳсулоти нафтӣ ҳамчунин зиёдшавии талабот ба он дар остонаи оғози мавсими корҳои киштукор дар фасли баҳор маънидод мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...