Консулгарии Тоҷикистон дар Кундуз дубора боз мешавад?

Asia-Plus

Нилуфар Кӯфӣ, намояндаи мардуми вилояти Кундуз дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон гуфтааст, ки дар сафари ахире, ки тими порлумонии кишвараш ба Тоҷикистон дошт, мақомҳои Тоҷикистон ваъда кардаанд, ки консулгарӣ дар Кундузро дубора боз мекунанд.

Аммо Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ин мавзуъро ба "Азия-Плюс" шарҳ надод, ки оё дар ҳақиқи ин консулгарӣ дубора боз мешавад ё не.

Нилуфар Куфӣ дар суҳбат бо Аҷмал Кокар, хабарнигори хабаргузории "Пажвок"-и Афғонистон дар Кундуз гуфтааст, ки бозкушоии консулгарӣ дар Кундузро масъулини Тоҷикистон ваъда карданд. 

Бозкушоии консулгарӣ дар Кундузро моҳи майи соли 2017 вазири вақти корҳои хориҷии Афғонистон Салоҳуддин Раббонӣ низ зимни як дидор бо ҳамтойи тоҷикаш Сироҷиддин Муҳриддин дар Душанбе, дар доираи ҳузур дар нишасти 23-юми Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЕКО) матраҳ карда буд.

Консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Кундуз ва Файзободи Афғонистон дар моҳи феврали соли 2016, баъди суқути аввали ин шаҳр ба дасти "Толибон" баста шуданд. Дар моҳи июли ҳамон сол консулгарии Тоҷикистон дар Файзобод дубора ба фаъолият оғоз кард, аммо намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз то ба ҳол баста аст.

Он замон вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон баста шудани ин ду консулгариро шарҳ дода ва гуфта буд, ки бинобар вазъи ноором дар шимолӣ Афғонистон, ин ду намояндагии дипломатӣ ба таври муваққатӣ баста шуда ва дар сурати ором шудани вазъият, дубора ба фаъолияти худ оғоз хоҳанд кард. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ҳадаф аз баста шудани ин намояндагиҳоро "ба хотири эҳтимоли таҳдид ба ҳаёт ва саломатии кормандони консулгариҳои Тоҷикистон дар Файзобод ва Кундуз", рабт дода буд.

Дар иттилоияи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон аз ҷумла гуфта мешуд, ки консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Кундуз яке аз аввалин биноҳое буд, ки дар ҳамлаи Толибон дар 28-уми сентябри соли 2015 мавриди ҳамла ва ғорат қарор гирифта буд. Ҳамчунин дар ин иттилоия ба ҳуҷуми мусаллаҳона ба консули Тоҷикистон дар Бадахшон Рустам Маҳмудӣ ишора шуда буд, ки дар таърихи 16-уми майи соли 2014 мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор гирифта ва захмӣ шуда буд.

Тоҷикистон ба иловаи сафораташ дар Кобул, дар ҳоли ҳозир консулгариҳои худро дар шаҳрҳои Файзобод ва Мазори Шариф дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...