Отамбоев дар ҳабс боқӣ монд, пешниҳоди ҳабси хонагӣ рад шуд

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз шикояти вакили дифои раисҷумҳури собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоевро барои тағйир додани ҷойи ҳасби ӯ рад кард. 

Замир Жоошев, вакили дифои Отамбоев ба "«Азаттик" гуфтааст, ки ӯ аз додгоҳ дархост арда буд, зерҳимояаашро таҳти ҳабси хонагӣ қарор бидиҳад, вале рад шуд. 

«Амалкарди додгоҳҳо, ҳам ноҳиявӣ ва ҳам шаҳрӣ маро дар ҳайрат мегузорад. Ба назар мерасад, ки онҳо мунтазири фармон аз боло ҳастанд.  Онҳое, ки бо ҳамин моддаи КҶ ҶҚ гунаҳкор шудаанд, ба ҳаси хонагӣ гирифта шуданд. Онҳое, ки беморанд дар бемористонҳои хусусӣ муолиҷа мешаванд. Вале Алмосбек Отамбоевро на танҳо барои ҳаси хонагӣ раҳо намекунанд, балки имкон намедиҳанд, ки саломатияшро барқарор кунад», – гуфтааст Жоошев.

Муҳлати будубоши  Отамбоевро дар ҳабси пешакӣ додгоҳ то 7-уми апрел тамдид кардааст. 

Ҳоло раисҷумҳури собиқ дар маҳбаси №47, ҷойе, ки дар охири моҳи декабр бар асари беморӣ аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба он ҷо бурда шуд, қарор дорад. 

Отамбоев дар мавридҳои даст доштан дар фасод, қонунӣ кардани даромадҳои ҷиноӣ, сарватандӯзии ғайриқонунӣ, ғайриқонуни соҳиб шудан ба сарватҳои табӣ ва ғайра муттаҳам мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...