Дар ҷануби Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳаи обтаъминкунт дар деҳот ва беҳдошт оғоз намуданд, ки ноҳияҳои ҷанби вилояти Хатлонро дар бар мегирад.
Айни замон низоми обтаъминкунӣ барои деҳоти ноҳияи Восеъ сохта мешавад, ки тариқи он зиёда аз 184 ҳазор аҳолии ноҳияи Восеъ бо оби тоза таъмин мешаванд, хабар медиҳад Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Тоҷикистон.
Дар айни замон дар ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиев аллакай 56% корҳои сохтмону васлкунӣ ба анҷом расидаанд. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (МИЛ) бо дастгирии молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ (БУ) ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи Воҳиди Давлатии "Хоҷагии Манзилию Коммуналӣ" ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ, амалӣ карда мешавад.
Лоиҳа ҳафт ноҳияи ҷанубии вилояти Хатлонро фаро мегирад: Восеъ, Кушониен, Вахш, Балхӣ, Дӯстӣ, Левакант ва Ҷайҳун. Пас аз ба итмом расидани он, дар соли 2025 беш аз 400 ҳазор нафар дар ноҳияҳои интихобшудаи вилояти Хатлон бо оби тоза ва хушсифат таъмин карда мешаванд.
Дар доираи таҳияи лоиҳакашӣ, сохтумони аввалин маҷмаъи обтаъминкунии умумӣ дар ноҳияи Восеъ ба панҷ минтақа тақсим карда шудааст. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ дар панҷ минтақаҳо, зиёда аз 184 ҳазор нафар ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ пайдо хоҳанд кард, ки ин 90% аҳолии ноҳияи Восеъро ташкил медиҳад.
Бино ба гуфтаи Бахтиёр Тухтаев, сармуҳандиси МИЛ, ҳоло дар ноҳияи Восеъ дар минтақаҳои лоиҳавии 1.1 (шабакаи обтаъминкунии Тоскала) ва 1.2 (шабакаи обтаъминкунии Чилла) ду иншооти обҷамъшаванда, инчунин қубурҳои обгузар ва шабакаи обгузари дохили шаҳракҳо сохта шуда истодаанд. Ба истифода додани иншоотҳо ва маҷмаъи пурраи обтаъминкунии ин ноҳия охири соли 2021 дар назар аст. Тамоми корҳои сохтмониро танҳо ширкатҳои сохтмонии маҳаллӣ анҷом медиҳанд, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи БУ соли 2020 зимни озмун (тендер) интихоб шудаанд.
Инчунин, дар ноҳияи Восеъ байни аҳолӣ оид ба қоидаҳои беҳдошт ва истифодаи самараноки об дар деҳот, маракаҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ оғоз ёфтаанд. Тибқи гуфтаи мутахассисони МИЛ, дар доираи иттилоотонии аҳолӣ, ихтиёриён, мутахассисон, донишҷӯён ва омӯзгорони 28 мактаби миёнаи интихобшуда ва намояндагони 16 маркази тиббии ноҳия, ки дар онҳо иншооти наву муосири санитарӣ сохта мешаванд, ҷалб мегарданд.
Зиёда аз 40 ҳазор нафар дар маъракаҳои иттилоотии лоиҳаи МИЛ бо ҷалби ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ, васоити ахбори омма ва инчунин намяондагони ҷамоатҳо, иштирок хоҳанд кард. Дар сатҳи ҷамоатҳо кумитаҳои ҳамоҳангсозӣ таъсис дода мешаванд, ки ба ҳайати он фаъолони деҳа, мутахассисони соҳаи об ва намояндагони ҳокимияти иҷроияи ноҳия, шомил мешаванд. Кумитаҳо масъулияти баррасии шикоятҳои аҳолӣ ва пешниҳодҳои онҳоро, ба зимма доранд.
Дар айни замон корҳои тарроҳӣ ва ҷустуҷӯӣ дар маҷмаъаи обтаъминкунии байниноҳиявии Вахш, ки гурӯҳи ноҳияҳои Вахши вилояти Хатлонро фаро мегирад, низ идома доранд, ки дар нақшаи обтаъминкунии ин минтақа тасдиқ шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


