Мири Мафтун дар Тоҷикистон ва консертҳояш дар Душанбеву Бохтару Ваҳдат

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Мири Мафтун, овозхони маъруф ва маҳаллихони саршиноси Афғонистон дар чорчӯби барномаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон омадааст ва қарор аст дар Душанбе ва шаҳрҳои дигари Тоҷикистон барномаҳои консертӣ иҷро кунад.

Мафтун дар як тамоси телефонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки феълан дар Душанбе қарор дорад ва барои барномаҳои консертияш омодагӣ мебинад.

“Қарор аст рӯзи 22-юми март дар “Кохи Суруш” дар Душанбе ва рӯзи 23-юм дар шаҳри Бохтари Хатлон ва рӯзи 24-уми март дар шаҳри Ваҳдат барномаҳои консертӣ дошта бошем. Ҳоло ба консертҳо омодагӣ мегирем ва ягон диду водиде бо дӯстону ҳунармандон дорем”, – гуфт овозхон.

Мир Мафтун Наврӯзи соли гузашта ҳам бояд дар Тоҷикистон барномаҳои консертӣ иҷро мекард, вале ба далели хуруҷи вируси куруно барномаҳояш лағв шуд ва ӯ пас аз гузаронидани давраи қарантин дар Тоҷикистон дубора ба Афғонистон баргашт.

Мирзоолим Саидов, сардори Раёсати санъати Вазорати фарҳанги Тоҷикистон  ба “Азия-Плюс” гуфт, ки  бо пешниҳоди Сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон мо сафари Мири Мафтун, сарояндаи маъруфи Афғонистон ба Тоҷикистонро ҳимоят кардем.

Мир Мафтун, овозхони тоҷики маҳаллихони маъруфи Афғонистон 59 сол дорад, зодаи Ишкошими вилояти Бадахшони Афғонистон мебошад. Сурудҳои маҳаллӣ ва фолклорие, ки Мафтун аз ҳавзаи мусиқии Бадахшон мехонад, дар Тоҷикистон ҳам шунавандагони зиёде дорад. Ӯ миёни мардуми Тоҷикистон бо таронаву оҳангҳои ватандӯстона ва мардумияш алоқаманди зиёде дорад.

Мафтун борҳо ба Тоҷикистон ба ҷашнвораҳои гуногун, аз ҷумла ҷашнвораи “Фалак” даъват шуда ва иҷроҳои гуногуне доштааст.

Аз ҷумла дар яке аз сафарҳояш ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шеваи овозхонии ӯ тавсиф карда, барояш ҳадяҳо низ тақдим кард. Мир Мафтун як ҷомаи зардӯзии тоҷикиро ҳамеша дар барномаҳои консертиву суҳбатҳои расонаияш дар Афғонистон бо ифтихор чун тӯҳфаи раисҷумҳури Тоҷикистон муаррифӣ мекунад.

Соли 2013 ӯро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Душанбе даъват кард, ки консерти худро баргузор намуд ва сурудеро ба президенти кишвар бахшид. Инчунин соли 2019 дубора ба Тоҷикистон даъватӣ шуд ва чанд суруде пешкаш намуда, дар якчанд барномаҳои телевизионӣ ва интернетӣ низ даъват шуд.

Мир Мафтун барандаи чандин ҷоизаҳои байналмилалӣ аст ва дар поёни соли 2020 аз сӯйи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Афғонистон лақаби устодиро соҳиб шуд. Лақаб ё унвони устодӣ дар Афғонистон яке аз унвонҳои муътабар дар бахши вовзхонӣ ва ҳунар аст, ки ба ҳунармандон дода мешавад ва минбаъд ҳангоми навишти номи ӯ лақаби устод ҳам зикр мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...