Роҳи Душанбе-Хуҷанд танҳо барои мошинҳои сабукрав боз аст

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз тармаву барфреза тоза карда шуд, ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи он барқарор шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз филиали ширкати IRS дар Тоҷикистон.

“Роҳ шоми 13 март баста шуда, нимаи дирӯз ба як самт ва шомгоҳон ба ҳар ду самт боз шуд, – хабар доданд аз дафтари матбуоти филиали ширкат. –  Дар зарфи 2 рӯз дар қитъаҳои гуногуни роҳ – аз километри 62 то 87-ум қариб 20 тармаи хурду калон фаромад, ки баландиашон зиёда аз 10 метрро ташкил медод”.

Тибқи маълумоти филиали ширкат, барои роҳ надодан ба танбашавии воситаҳои нақлиёт ҳаракати автомашинаҳои боркаш маҳдуд аст.

“Роҳ бо маводи реагент коркард шуда, лекин дар қитъаҳои ҷудогона боридани барф идома дорад, – гуфт манбаъ. – Барои маҳдуд насохтани ҳаракати дигар навъи воситаҳои нақлиёт ва роҳ надодан ба ҳолатҳои танбашавӣ, ҳаракати автомашинаҳои боркаш бо ядак (притсеп) ва мошинҳои боркаши бузургҳаҷм (фура) маҳдуд аст”.

Дар IRS ҳамчунин гуфтанд, хатари тармафароӣ ҳоло ҳам вуҷуд дошта, аз ронандагон дархост мешавад, ки эҳтиёткор бошанд.

“Аз ронандагон дархост мекунем, ки ҳамдигарро эҳтиром намуда, ба танбашавии автомашинаҳо роҳ надиҳанд, – изҳор дошт манбаъ. – Ба дастурҳои кормандони ширкат гӯш дода, тавсияҳои КҲФ-ро ба инобат гиранд ва бе омодагӣ ба роҳ набароянд. Бахусус таъкид мекунем, ки дар сурати ба вуҷуд омадани танбашавии автомашинаҳо, техникаи ширкат ҷиҳати саривақт бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ саривақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда наметавонад”.

Зимнан зикр шуд, ки ба ронандагону мусофироне, ки ҳангоми басташавии роҳ дар он қарор доштанд аз ҳисоби ширкат хӯрок тақсим карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...