Таътили баҳории хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Тоҷикистон 21 март оғоз гардида, то 31 март давом мекунанд, хабар медиҳанд дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ.
Ёдрас мекунем, ки таътилҳои тирамоҳӣ ва баҳорӣ барои толибилмони макотиби таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ соли 2018 барқарор шуда, муҳлати таътили зимистона кам шуд.
Он замон Вазорати маориф иқдоми худро чунин шарҳ дода буд, ки шароити баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили давраҳои такмили ихтисоси омӯзгорон, инчунин олимпиадаҳои мактабӣ беҳтар шуда, муаллимону хонандагон аз ҷараёни дарсу таълим канор намемонанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


