Боздошти як додраси Додгоҳи иқтисодии Хатлон бо гумони гирифтани пора

Мавзуна Абдуллева, Парвинаи Зуришо, Asia-Plus

Носирхон Сафарзода, додрас ё судяи Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон аз сӯйи Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон бо гумони гирифтани ришва боздошт шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад. Ин иттилоъро ба "Азия-Плюс" як манбаъи муътамад дар сохторҳои қудратии кишвар шарик сохт. 

Ба гуфти манбаи мо ин ҳодиса рӯзи 9-уми март иттифоқ афтодааст ва додрас Сафарзода гӯё ба гирифтани 5 ҳазор сомонӣ ришва муттаҳам мешавад. 

Аммо дар Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон рӯзи 16-уми март ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки дар ҳақиқат мо дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон додрасе бо номи Носирхон Сафарзода дорем, ки ҳоло ҳам кор карда истодааст. 

Бобоҷон Ғоибов масъули маркази матбуотии Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон гуфт, ки "ҳолате ки ӯ бо пора аз ҷониби кормандони Агентии коррупсия дастгир карда шуда  бошад, инро мо шарҳ дода наметавонем, чунки феълан муддати ду рӯз аст мо муайян карда натавонистем ва ҳоло посухи аниқ гуфта наметавонем. Феълан мо агар ягон шарҳ диҳем нофаҳмӣ мешавад, барои ҳамин агар маълумот пайдо кунем, расман аз ин ҳодис хабар диҳем".

Субҳи рӯзи 18-уми март дар Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон дар як тамоси телефонӣ ба "Азия-Плюс" аз боздошти додраси ин ниҳод бо номи Носирхон Сафарзода изҳори бехабарӣ карданд.

Рӯзи 16-уми март Маркази матбуоти Оҷонсии зиди фасоди Тоҷикистон низ ба муроҷиати мо посух дод, ки дар ҳоли ҳозир дар ин маврид чизе гуфтан наметавонанд, хабарро на тасдиқ мекунануд на рад. 

Аммо субҳи 18-уми март аз Раёсати оҷонсии зидди фасод дар вилояти Хатлон хабари боздошти Носирхон Сафарзодаро тасидиқ карданд ва гуфтанд, ки алайҳи ӯ бо моддаи 319-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Аммо ин ниҳод ҷузъиёти бештаре дар мавриди қазияи боздошти ин додарс надод.

Моддаи 319-и КҶ ҶТ: "Гирифтани пора 1) Аз ҷониби шахси мансабдор шахсан ё ба воситаи миёнарав гирифтани пора дар намуди пул, коғазҳои қиматнок, дигар молу мулк ё фоидаи дорои характери молу мулкӣ дошта, барои иҷро кардан ё накардани амали муайян ба манфиати порадиҳанда ё намояндагони ӯ, агар чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) ба доираи ваколати хизматии шахси мансабдор, шахси мансабдори давлати хориҷӣ ё шахси мансабдори ташкилоти байналмилалӣ дохил бошанд ё онҳо вобаста ба қудрати мавқеи мансабиашон ба чунин ҳаракат (беҳаракатӣ) мусоидат карда метавонанд, ҳамчунин барои пуштибонии умумӣ ё саҳлангорӣ дар хизмат (ҚҶТ аз 17.05.2004 № 35, аз 18.06.2008 № 386, аз 12.11.2013 № 1028), – бо ҷарима ба андозаи аз се ҳазору шашсаду панҷоҳ то нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то се сол ҷазо дода мешавад (ҚҶТ аз 15.03.2016 № 1274)".

Дар ҳоли ҳозир назари худи Носирхон Сафарзода ва наздикону пайвандонаш дастрас нест. Талошҳои мо барои пайдо кардани назари хешу таборонаш натиҷа надод. 

Гуфта мешавад Носирхон Сафарзода бештар аз 10 сол дар Додгоҳи шаҳри Панҷакент кор карда, аз соли 2017 то замони боздошт додраси Додгоҳи иқтисодии вилояти Хатлон будааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...