Мақомоти Русия: Суруди Манижа қонуншиканӣ надорад

Дар симои саҳнавӣ ва суруди Манижа "Русская женщина", ки бо ин тарона ӯ Русияро дар озмуни “Евровидение” намояндагӣ мекунад, қонуншиканӣ нест. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ додаанд. Чанде пеш намояндагони ҷомеа аз болои ин суруд шикоят бурда, дархост намуданд, ки парванда боз шуда, намоиши навори видеои он қатъ карда […]

Asia-Plus

Дар симои саҳнавӣ ва суруди Манижа "Русская женщина", ки бо ин тарона ӯ Русияро дар озмуни “Евровидение” намояндагӣ мекунад, қонуншиканӣ нест. Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ додаанд.

Чанде пеш намояндагони ҷомеа аз болои ин суруд шикоят бурда, дархост намуданд, ки парванда боз шуда, намоиши навори видеои он қатъ карда шавад. Дар Кумитаи тафтишот изҳор доштанд, ки ин муроҷиатро баррасӣ мекунанд.

“Агар дар муроҷиат аломатҳои ҷиноят ҷой дошта бошад, пас он метавонад ба мақомоти тафтишот равона гардида, роҳбари он ба оғози баргузории санҷиши мурофиавӣ ҳуқуқ дорад. Лекин дар ин ҳолат чунин сурат гирифтани кор ба гумон аст, чунки мавҷуд набудани ягон аломати фаъолияти ғайриқонунӣ возеҳу аён аст”, – гуфтааст манбаъ.

Қаблан Созмони мухтори ғайритиҷоратии “Ветеранские вести” ба роҳбари Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин дар ин маврид муроҷиат карда, дархост намуданд, ки барои ифротгароӣ (экстремизм) нисбат ба Манижа парванда боз шуда, намоиши навори видеои ҳунарнамоии ӯ қатъ гардад. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳунарнамоии саҳнавии Манижа дар таронаи Russian Woman “шаъну эътибори занони русро аз рӯйи аломати муносибат ба миллат дағалона пасту таҳқир мекунад”.

Овозхон Manizha бо таронаи"Русская женщина" (Russian woman) моҳи майи соли 2021 аз Русия дар озмуни "Евровидение" дар Роттердам намояндагӣ мекунад.

Манижа Сангин, овозхони тоҷиктабори муқими Русия 29-сола аст. Ӯ ҳанарманди мустақил, муаллиф ва иҷрокунанда, коргардони клипҳо (намоҳангҳо)-и мусиқӣ, ходими ҷамъиятӣ дар соҳаи мубориза бар зидди хушунати хонаводагӣ ва аз соли 2019 сафири фонди "Подари жизнь" (Ҳаёт ҳадя намо), аз соли 2020 – сафири Ҳусни нияти СММ оид ба умури паноҳандагон мебошад. Ба гуфтаи сароянда, таронаи Russian Woman тағйирёбии худогоҳии занонро тайи чандин садсола дар Русия таҷассум мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Музокирот миёни Эрон ва Амрико дар Исломобод идома дорад

Дар мавриди чигунагии шеваи баргузории он - мустақим ва ё ғайримустақим итилоъе дар даст нест.

Тоҷикистонро дар “Тоскулоҳи бузурги Душанбе 2026” киҳо муаррифӣ мекунанд?

Ин мусобиқот аз 1 то 3-юми май дар пойтахти кишвар баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ аз иҷрои беш аз 80% нақшаи давъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз хабар дод

Кадом вилоят нақшаро чӣ қадар пур кардаанд, дар ин хабари мо хонед.

Маъракаи даъвати ҳарбӣ. Ба муҳимтарин саволҳо дар бораи даъват ба хидмати ҳарбӣ посух дарёфтем

Аз 1-уми апрел маъракаи баҳории даъвати ҳарбӣ оғоз гардид ва он то 31-уми майи давом мекунад.

Ҳайати музокиракунандаи Эрон вориди Покистон шуд. Гуфтугӯҳои Теҳрон ва Вашингтон имрӯз оғоз мешаванд

Ҳайати музокиракунандаи Амрико бо роҳбарии Ҷей Ди Венс дар роҳ ба сӯи Исломод аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 апрели соли 2026

Аз даргузашти Раҳмон Набиев ва Ҷалол Икромӣ то Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории паркинсон

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.