Кумитаи тафтишоти Русия таронаи Манижаро месанҷад: “ризояти миллиро барҳам мезанад”

Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки гуруҳҳое аз ин ниҳод хостаанд, ки матни таронаи Манижа Сангинро, ки қарор аст Русияро дар озмуни “Евровидение” намояндагӣ кунад, бисанҷад. Дар ин бора  рӯзи панҷшанбе намояндаи расмии ин ниҳод Светлана Петренко РИА Новости хабар додааст. “Ба Кумитаи тафтишот бо дархости санҷиши калимаҳо дар таронаи Манижа дар мавриди изҳороти эҳтимолии ғайриқонунӣ муроҷиат расид. Муроҷиат бо тартиби дар қонун […]

Кумитаи тафтишотии Русия гуфтааст, ки гуруҳҳое аз ин ниҳод хостаанд, ки матни таронаи Манижа Сангинро, ки қарор аст Русияро дар озмуни “Евровидение” намояндагӣ кунад, бисанҷад. Дар ин бора  рӯзи панҷшанбе намояндаи расмии ин ниҳод Светлана Петренко РИА Новости хабар додааст.

“Ба Кумитаи тафтишот бо дархости санҷиши калимаҳо дар таронаи Манижа дар мавриди изҳороти эҳтимолии ғайриқонунӣ муроҷиат расид. Муроҷиат бо тартиби дар қонун муқарраршуда баррасӣ мешавад”, – гуфтааст Петренко дар посух ба саволи марбутаи РИА Новости.

Қаблан идораи нашрияи “Ветеранские вести” ба роҳбари Кумитаи тафтишот Александр Бастрикин дар ин маврид муроҷиат карда буданд. Онҳо бар ин назаранд, ки ҳунарнамоии саҳнавии Манижа дар таронаи Russian Woman шаъну эътибори занони русро таҳқир намуда, ризояти миллиро дар Русия халалдор месозад.

Ғолибият дар озмуни интихоби миллӣ ба “Евровидение” рӯзи 8 март ба Манижа “шуҳрат”-и ногаҳониву беандоза овард. Агар пештар овозхонро як гурӯҳи начандон зиёди алоқамандон медонистанд, пас ҳозир номи ӯ вирди забони ҳамагон аст. Аз ӯ ҳам ситоиш мешаваду ҳам норозигӣ изҳор мегардад, аз қабили: магар дар Русия дигар ҳунарманди рустар ёфт нашуд?

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия мебошад. Дар озмуни интихоби миллии "Евровидение-2021" ӯ бо суруди Russian Woman ҳнарнамоӣ кард, ки сарусадоҳои зиёде ба бор овард: барои “арзишҳои зиддирусиягӣ” ӯ мавриди танқид қарор гирифт, аз ҷумла аз ҷониби вакилони Думаи давлатӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.