Марде дар Ашт зану духтари хурдсол, падар ва ҳамсояашро захмӣ кард

Asia-Plus

Як марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ориёни ноҳияи Ашт бо гумони сӯиқасд ба одамкушӣ дастгир карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, рӯзи 16-уми март ӯ дар хонааш бо ҳамсараш, зани 39-сола муноқиша карда, бо болға ба сари ӯ мезанад ва сипас ӯро ба замин афтонида, бо корд ба аъзои баданаш зарба мезанад, ки дар натиҷа зан зарари ҷисмӣ бардоштааст.

“Баъдан, ба духтари хурдсоли 6-солааш, ки аз тарс дод задааст, бо корд ба баданаш зарба мезанад, ки духтарча ҳам ҷароҳат мегирад”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Гуфта мешавад, дар идома номбурда аз ҳуҷраи хоби худ берун баромада, бо болға ва корд ба ҳуҷраи хоби падари 66-солааш даромада, аз сабаби он, ки падараш мунтазам ӯро барои аз шаҳрвандон қарз гирифтанаш маломат мекардааст, ба сари падараш низ 4-5-маротиба бо болға зада, ҷароҳатдор кардааст.

“Инчунин номбурда дар вақти аз ҳуҷраи хоби падараш берун баромадан, ҳамсояаш, марди 41-соларо, ки овози доду фиғонро шунида, бо мақсади хабаргирӣ ба ҳавлии истиқоматии онҳо омада буд, бе ягон асос ба сараш бо болға зада,  ба ӯ низ зарари ҷисмонӣ”, – гуфта мешавад дар хабар.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳамаи сабабҳои ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор қарор гирифта, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...