Ашраф Ғанӣ бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд

Asia-Plusa

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон субҳи имрӯз бо як сафари расмӣ ва барои иштирок дар Нуҳумин конфронси вазирони "Қалби Осиё-Раванди Истамбул" вориди Душанбе шуд.

Қарор аст Ашраф Ғанӣ бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазири Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтугӯ дошта бошад.    

Ҳамчунин суханронии раиси ҷумҳури Афғонистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назар аст. Дар назар аст, ки аз сӯи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба Ашраф Ғанӣ унвони доктори ифтихории ин донишгоҳ дода шавад.

Нишасти нӯҳуми вазирони "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" рӯзи 30-юми март дар Душанбе оғоз мешавад. Қарор аст, дар он вазирони умури хориҷии 15 кишвар ва президентҳои Тоҷикистону Афғонистон иштирок кунанд.

"Қалби Осиё – Раванди Истанбул" як ибтикори минтақавӣ бо ибтикори Афғонистон ва Туркия аст, ки соли 2011 оғоз шудааст. Ҳадафи он мусоидат ба рушди Афғонистон дар арсаҳои гуногун мебошад.

Нишастҳои пешинаи "Қалби Осиё – Раванди Истанбул" дар Истанбулу Кобул, Алмато, Пекин, Исломобод, Амритсар ва Боку гузаштааст. Кишварҳои ширкаткунанда дар ин раванд Туркияву Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистону Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...