Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” дар Душанбе

Asia-Plus

Дар Душанбе рӯзҳои 29-30 март Нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” зери унвони “Тақвияти иҷмоъ барои сулҳ ва рушд” баргузор мегардад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар Конфронс иштирок ва суханронии вазирони корҳои хориҷии 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, 16 кишвари мададрасон ва роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ дар назар аст.

Дар остонаи Конфронс имрӯз, 29 март нишасти кормандони аршади “Қалби Осиё-Раванди Истанбул” баргузор мешавад.

Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.

Раванди мазкур аз се рукн иборат аст: машваратҳои сиёсӣ, тадбирҳои эътимодсозӣ (CBMs) ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавию байналмилалӣ.

“Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ҳамчунин заминаҳои муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ, алалхусус мусоидат ба ҳамкориҳои амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Афғонистон ва кишварҳои ҳамҷавори онро бо амалӣ гардонидани лоиҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, тиҷоратӣ, зерсохтор ва энергетикӣ таъмин мекунад.

“Қалби Осиё – Раванди Истанбул” ташаббуси муштараки Афғонистон ва Туркия буда, Конфронси якуми он дар Истанбул 2 ноябри 2011 барпо шудааст.

15 кишвари ширкаткунанда – Туркия, Афғонистон, Тоҷикистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон, Чин, Русия, Арабистони Саудӣ, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон;

16 кишвари мададрасон – ИМА, Олмон, Британияи Кабир, Япония, Фаронса, Канада, Австралия, Дания, Миср, Финляндия, Италия, Ироқ, Норвегия, Лаҳистон, Испания, Шветсия;

16 созмони минтақавию байналмилалии мададрасон – Фонди рушди Оғо Хон, Бонки рушди Осиё, Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Паймони амнияти дастаҷамъӣ, Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Барномаи ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, Ассотсиатсияи ҳамкориҳои минтақавии Осиёи Ҷанубӣ, Дафтари СММ оид ба Афғонистон, Барномаи рушди СММ, Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводди мухаддир ва ҷинояткорӣ, Дафтари минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирона.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...