Вазорати молия ба пардохти қисмате аз қарзи КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” уҳдадор шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати молия супориш дод, ки қисмате аз қарзҳои КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”-ро ба “Эксимбонк”-и Чин ба маблағи ҳудуди 286,5 млн сомонӣ (зиёда аз 25 млн доллар) пардохт намояд.

Дар қарори қабулшудаи ҳукумат ин маблағ “фоиз ва ҷаримаҳо” аз рӯйи қарзи батаъхирафтода, ки соли 2015 барои татбиқи лоиҳаи “Сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, қитъаи Ваҳдат-Ёвон” гирифта шуданд, зикр мешавад.

Дар қарор дастур дода мешавад, ки маблағи мазкур ҳамчун саҳми ҳукумат дар сармояи оинномавии корхона ба инобат гирифта шавад.

Корхонаи роҳи оҳан ба баргардонидани ин маблағ ба Вазорати молия дар муҳлати 5 сол уҳдадор мешавад.

Гуфта мешавад, тадбири мазкур дар доираи дастгирии давлатии молиявии КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” роҳандозӣ мешавад.

Муовини аввали сардори корхона Баҳром Шодиев дар шарҳи ин масъала ба нашрияи роҳиоҳанчиёни Русия – “Гудок” гуфтааст, маблағи аз ҷониби ҳукумат ҷудошуда ба пардохти қисмате аз қарз имкон медиҳад, зеро корхона дар муҳлати муқарраршуда қарзро ба қарздиҳанда пардохта натавонист.

Ба гуфтаи ӯ, пардохти маблағи боқимондаро аз рӯйи қарз минбаъд худи корхона амалӣ месозад.

“Қарзи асосӣ аз он бояд дар муддати 9 соли аввал ва пардохти пурраи қарз давоми 25 сол сурат мегирад”, – илова кард ӯ.

Ҳаҷми умумии қарзи аз ҷониби бонки Чин ба КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” додашуда 68 млн долларро ташкил медиҳад.

Ин маблағҳо ба сохтмони нақбу пулҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон равона шуданд.

Дар тамоми масофаи шохаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон, ки 40,7 километрро ташкил медиҳад, 3 нақб ва 11 пул сохта шудааст.

Ба корҳои сохтмони иншооти зикршуда Корпоратсияи сохтмони роҳи оҳани Чин машғул буд.

Ёдрас мекунем, ки сохтмони роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Қӯрғонтеппа соли 2009 оғоз гардида, соли 2016 мавриди истифода қарор гирифт.

Масофаи умумии роҳи оҳани Душанбе-Ваҳдат-Ёвон-Қӯрғонтеппа ба 46,3 километр баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.