Карнаю сурнай, мансабдорон ва 300 мухлиси ашаддӣ. Пешвози Хушқадам Хусравов дар Душанбе

Самбокори тоҷик Хушқадам Хусравов (вазни 64 кг) дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбои ёдбуди бунёдгузори самбо Харлампиев дар Маскав соҳиби медали тилло шуд. Ӯ дар сабқати финалӣ варзишгари Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминовро мағлуб кард. Шоми рӯзи якшанбе Хушқадам Хусравовро, соати 22.00 дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол карданд. Миёни пешвозгирандагон Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, […]

Самбокори тоҷик Хушқадам Хусравов (вазни 64 кг) дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳонии самбои ёдбуди бунёдгузори самбо Харлампиев дар Маскав соҳиби медали тилло шуд. Ӯ дар сабқати финалӣ варзишгари Ӯзбекистон Ҳомидҷон Муминовро мағлуб кард.

Шоми рӯзи якшанбе Хушқадам Хусравовро, соати 22.00 дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе бо шукӯҳу шаҳомат истиқбол карданд.

Миёни пешвозгирандагон Мавсума Муинӣ, муовини раиси шаҳри Душанбе, Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш, муовинони ӯ Дилшод Назаров ва Ризо Назарзода, раиси Федератсияи самбои Тоҷикистон Давлатмурод Наҳтуллозода, раиси Бошгоҳи варзишии Вазорати ммудофиаи Тоҷикистон Фарҳод Раҳматуллоев, Шоҳзод Раҳимзода, сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши пойтахт, мураббиёни устодони варзишгар, мансабдорони дигари воломақоми Вазорати мудофиа, намояндагони дигар Вазорату идора ва корхонаву ташкилот, наздикону пайвандон ва дӯстони варзишгар, инчунин зиёда аз 300 нафар мухлисон ҳузур доштанд.

Бояд гуфт, ки Хушқадам Хусравов аз миёни се варзишгари тоҷик, ки ин Ҷоми ҷаҳониро ба даст овардаанд, ягона самбокоре аст, ки ибори дувум ин ҷомро соҳиб мешавад.

Хушқадам Хусравов паҳлавони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ, Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо, Қаҳрамони самбои ҷаҳон миёни ҷавонон,  ҷоизадори медали нуқра ва ду медали биринҷии қаҳрамонии самбои ҷаҳон, 3 карат Қаҳрамони самбои Осиё, барандаи ҷомҳои ҷаҳонии самбо ва марҳилаҳои Ҷоми ҷаҳон, 11 карат Қаҳрамони самбои ҶТ, 4 карат Қаҳрамони ҷудои Тоҷикистон, 5 карат Қаҳрамони гӯштини миллии ҶТ, 2 карат Қаҳрамони кураш мебошад. 

Қобили зикр аст, ки дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар риштаи самбо дар Маскав самбокорони тоҷик дар умум 6 медал дарёфт карданд.

Ба ҷуз Хушқадам, Ҷамшед Сафаров дар вазни -71кг самбои размӣ,  Акмалиддин Каримов (-58кг), Садр Боев (-88кг) дар самбои варзишӣ, Меҳрубони Абдулҳақ (-64кг), Фирдавс Мирзоев (-79кг) дар самбои размӣ ба дарёфти медалҳои биринҷии мусобиқа шарафёб гардиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.