Бозӣ барои дарёфти ҷоизаи Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон 3 апрел доир мегардад

Date:

Бозӣ барои дарёфти ҷоизаи Париматч – Суперҷоми Тоҷикистон-2021 рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 3 апрел доир мегардад. Барои дарёфти он қаҳрамони амалкунандаи футболи Тоҷикистон “Истиқлол”-и Душанбе ва дорандаи Ҷоми миллӣ – дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо ҳам рақобат мекунанд.

Ин бозӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 16:00 оғоз мегардад. Даромадан ба бозӣ барои мухлисон бепул аст, хабар медиҳад ФФТ Тоҷикистон.

Бозӣ барои дарёфти Суперҷоми футболи Тоҷикистон маротибаи 12-ум баргузор мешавад. Дастаи “Истиқлол” 9 маротиба соҳиби он шудааст: солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016, 2018, 2019 ва 2020.

Соли 2013 “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ дастаи “Регар-ТадАЗ”-ро бо ҳисоби 2:2 шикаст дода, ба Суперҷом соҳиб шуд.

Соли 2017 дастаи “Ҳосилот”-и Фархор дар Ҳисор бар тими “Истиқлол” бо ҳисоби 2:1 дастболо шуда, ба дарёфти ин ҷоиза ноил гардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...