Дар сабқати ҷудои Antalya Grand Slam 2021 аз Тоҷикистон се нафар ширкат мекунад

Asia-Plus

 

 Дар сабқати бонуфузи ҷудои Antalya Grand Slam 2021, ки рӯзҳои 1-3 апрели  соли ҷорӣ дар шаҳри Анталяи кишвари Туркия доир мегардад, аз Тоҷикистон се ҷудокрори шинохта ширкат мекунад.

Ба гуфтаи Федератсияи ҷудои кишвар, Тоҷикистонро дар ин сабқат Шаҳбоз Саидабуроров (-60кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Федератсияи ҷаҳонии ҷудо дар ин мусобиқот ширкати 501 варзишгар аз 96 давлати дунё дар назар аст. Рақобатҳо ҳам миёни занон ва ҳам миёни мардон ба таври зер сурат хоҳанд гирифт. 

Рӯзи якум (1-уми апрел):
Занон: -48, -52, -57kg;    Мардон: -60, -66kg

Рӯзи дуюм (2-юми апрел):
Занон: -63, -70kg;   Мардон: -73, -81kg

Рӯзи сеюм (3-юми апрел):
Занон: -78, +78kg;   Мардон: -90, -100, +100kg
 
Аз Тоҷикистон ягона ҷудокори Комроншоҳ Устопириён замоне, ки ин сабқат Grand Prix Antalya буд ҳар се медали ҷойҳои ифтихориро ба даст овардааст: соли 2017 нуқра, соли 2018 тилло ва соли 2019 медали биринҷиро.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...