Дипломатияи матбуотӣ: Тошиев Зарифиро ба душманиву Зарифӣ ӯро ба “сангдилӣ” айбдор кард

Asia-Plus

Раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев ба изҳороти собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ посух дод.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи пешниҳодоти ҷониби Қирғизистон оид ба таъйину аломатгузорӣ дар сарҳад, аз ҷумла ҳалли масъалаи Ворух, ба раиси КДАМ Тоҷикистон Саймумин Ятимов супурда шуданд, хабар медиҳад 24.kg.

“Як оқсақол, Ҳамрохон Зарифӣ аз Тоҷикистон ранҷиши худро аз ман оид ба масоили сарҳади байнидавлатӣ навиштааст. Ба масъала равшанӣ андохтаниам. Ба сифати роҳбари ҳайати ҳукумат дар ҳузури аъзои ҳайатҳои ҳар ду ҷониб ман пешниҳодҳоямонро нисбат ба Ворух ба дасти ҳамтои худ – муҳтарам Саймумин Сатторович супурдаму халос. Дигар ягон ҳарфе нисбати кишвари ҳамсояи наздики мо гуфта нашуд”, – мегӯяд Қамчибек Тошиев.

Раиси КДАМ Қирғизистон иброз медорад, ки собиқ мансабдори Тоҷикистон бо изҳороти худ танҳо “фарҳанги паст ва муносибати душманонаи худ”-ро нишон дод.

“Пас чаро оқсақол Ҳамрохон бо нишон додани фарҳанги паст ва муносибати душманона хеле бад изҳори назар мекунад? Шояд барои он бошад, ки ман ба пешниҳодҳои онҳо, ки бозгӯи манфиатҳои кишвари ман нестанд, розӣ нашудам”, – савол додааст ӯ.

Қамчибек Тошиев аз қирғизистониҳо хостааст, ки нисбат ба халқи наздики Тоҷикистон рӯҳияи дӯстонаро нигоҳ дошта, ба иғвоангезиҳо дода нашаванд.

“Худо хоҳад, ҳамааш хуб мешавад. Чӣ қадаре, ки хоҳед маро танқид кунед, лекин илтимос, ба халқи бузурги қирғизи ман кордор нашавед”, – муроҷиат кардааст раиси КДАМ ба кишварҳои ҳамсоя.

Ба ин изҳорот Ҳамрохон Зарифӣ дигарбора  дар саҳифаи худ дар Facebook посух дод:

“Ҷаноби Тошиев, дар хонаи торик гурбаи сиёҳро ёфтан мушкил аст… бахусус агар гурба дар он хона набошад. Ман дар бораи халқи бузурги қирғиз ва фарҳанги ғании он ҳеҷ гоҳ чизи баде нагуфтаам. Халқҳои мо натанҳо ҳамсояанд, балки ба ҳам як навъ робитаҳои хешутаборӣ ҳам доранд…Ман ба халқи бародари Қирғизистон, фарҳангу таърихи он хеле зиёд эҳтиром дорам”.

Собиқ вазир зикр кардааст, ки ӯ “дар ин кишвар садҳо дӯстони гиромӣ дорад” ва ба “халқи бародари қирғиз осмони софу шукуфоӣ таманно дорад”.

“Дар ҳамин ҳол, балегӯиро қабул надораму роҳ намедиҳам, ки касе масъалаи марбут ба қаламравро, ки ояндаи халқи ман ба он вобаста аст, ба таври табартақсим ҳал кунад. Чӣ гуна метавон Ворухро бо девори оҳанин пӯшонд ё аҳолии онро аз замини аҷдодиашон ронд? Дар ин сарзамин гузаштагони чандин насли онҳо мадфунанд. Магар рӯҳия ва мероси таърихии халқ тахриб намешавад?

Чӣ гуна метавон ба ин тарз сангдилона дар бораи тақдири як қисмти халқи ман андешаронӣ карда, роҳҳои бемаъниву беҳудаи ҳалли масъаларо пешниҳод намуд ва дар ҳамин ҳол, бо риоя накардани ҳамаи меъёрҳои ахлоқии гузаронидани гуфтушунид, ифшои мазмуну мундариҷаи суҳбат дар нишасти матбуотӣ бидуни мувофиқа бо ҷониби дигар?

Дар забони дипломатия ин маънои «ZERO-SUM GAME»-ро ифода мекунад. Дар вақти истироҳат мутолиа кунед…”, – навиштааст Зарифӣ.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш низ Ҳамрохон Зарифӣ дар саҳифаи худ дар Facebook ба гуфтаҳои Қамчибек Тошиев дар мавриди Ворух посух дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...