Ҷаласаи фаврӣ ва огоҳӣ ба ширкату хазинаҳо: билетро қимат нафурӯшед

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Раҳбарии Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон дар робита ба масъалаи фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ бо нархи баланд аз муқарраршуда аз ҷониби нуқтаҳои билетфурӯшӣ (кассаҳо) ҷаласаи таъҷилӣ баргузор намуд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода хабар дод.

“Доир ба масъалаи фурӯши билетҳо бо нархҳои хеле баланд аз арзиши муқарраршуда ба мо арзу шикоятҳо расиданд. Дар ин бора аз ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам огоҳ шудем. Бинобар ин, субҳи имрӯз, 5 апрел бо иштироки намояндагони КДАМ, Прокуратураи нақлиёт, намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ва Utair, инчунин Агентии алоқаи ҳавоӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҷаласаи таъҷилӣ гузаронидем”, – хабар дод Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа онҳо боисророна талаб кардаанд, ки билетҳо бо нархҳои зиёдшуда фурӯхта нашуда, дар доираи меъёрҳои аз ҷониби Агентӣ муқарраршуда ба фурӯш бароварда шаванд.

“Агентӣ аз Прокуратураи нақлиёт ва намояндагони КДАМ дархост намуд, ки ҷиҳати роҳ надодан ба фурӯши билетҳо бо нархҳои баланд мусоидат кунанд, – гуфт Субҳонзода. – Ба намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва нуқтаҳои билетфурӯшӣ огоҳии қатъӣ дода шуд”.

Субҳонзода зикр кард, ки Агентии авиатсияи гражданӣ ҳамаҷониба талош меварзад, ки билетҳо аз нархи муқарраршуда гарон фурӯхта нашаванд.

“Бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунам, ки дар сурати аз нархи муайяншуда гаронтар фурӯхтани билет ба мо муроҷиат намоянд. Ҳамаи муроҷиатҳоро баррасӣ ва чораҳои қатъӣ меандешем. Барои пешгирии фиребу қаллобӣ аз шаҳрвандон дархост мекунем, ки билетҳоро танҳо дар нуқтаҳои расмии фурӯши ширкатҳои ҳавопаймоӣ харанд”, – изҳор дошт роҳбари Агентӣ.

Ёдрас мекунем, ки Икром Субҳонзода қаблан ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки нархи билетҳо ба як самт ва бозгашт аз он (ҳар ду самт) набояд аз 500 доллар зиёд бошанд.

“Масалан, агар ба самти парвози Душанбе-Маскав талаботи мусофирон зиёд бошад, ширкатҳо нархро аз 300-350 доллар ва дар бозгашт ба Душанбе – 150 доллар муқаррар карда метавонанд, лекин онҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки нарх ба ҳар ду самт аз 500 доллар болотар набошад", – гуфта буд ӯ.

Дирӯз, 4 апрел ширкати «Сомон Эйр» нахустин парвози муқаррарии худро бо 184 нафар мусофир пас аз иҷоза шудани парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия ба Маскав анҷом дод. Ба гуфтаи намояндагони ширкат, билетҳо ба ин хатсайр бо нархи 349 доллар фурӯхта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳор доштанд, ки билетҳо ба ду хатсайр аз Душанбе ба Маскав (ЮтЭйр ва Сомон Эйр) аз нархи муайяншуда бамаротиб қиматтар фурӯхта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.