Ба Маскав бо $349. Utair ва “Сомон Эйр” нархи парвозҳои доимиро муқаррар карданд

Ширкати ҳавопаймоии Utair ҷадвали парвозҳои доимиро бо хатсайри Душанбе-Маскав тасдиқ намуда, инчунин нархи ҳадди ақали билетҳоро ба ин хатсайрҳо муқаррар кард. Парвози нахуст бо ин хатсайр аз Душанбе ба Маскав рӯзи 3 апрел соати 2-шаб сурат мегирад. “Дигар парвозҳои Utair ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа соати 6-и субҳ анҷом дода мешаванд. Нархи ҳадди ақали билетҳо аз […]

Ширкати ҳавопаймоии Utair ҷадвали парвозҳои доимиро бо хатсайри Душанбе-Маскав тасдиқ намуда, инчунин нархи ҳадди ақали билетҳоро ба ин хатсайрҳо муқаррар кард.

Парвози нахуст бо ин хатсайр аз Душанбе ба Маскав рӯзи 3 апрел соати 2-шаб сурат мегирад.

“Дигар парвозҳои Utair ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа соати 6-и субҳ анҷом дода мешаванд. Нархи ҳадди ақали билетҳо аз Душанбе ба Маскав 3 ҳазору 983 сомонӣ (349 доллар) ва аз Маскав ба Душанбе – 1640 сомонӣ (143 доллар) муқаррар шуд”, – хабар дод намояндаи ширкати ҳавопаймоӣ дар Тоҷикистон Ҳусейн Усмонов.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар фурсати наздиктарин билетҳо ба хатсайри аввал озодона ба фурӯш бароварда мешаванд.

“Сомон Эйр” ҳам нархашро гуфт

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” низ дар бораи анҷоми аввалин парвоз бо хатсайри доимӣ аз Душанбе ба Маскав хабар дод. Он рӯзи 6 апрел дар назар аст.

“Арзиши билет ба Маскав 349 доллар ва аз Маскав – 143 долларро ташкил хоҳад дод”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз ширкати ҳавопаймоӣ.

Дар ин ширкат низ изҳор доштанд, ки дар фурсати наздиктарин билетҳо ба хатсайри аввал озодона ба фурӯш бароварда мешаванд.

Лекин ҳоло билет нест

Дар нуқтаҳои фурӯши билетҳои ҳавопаймоӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки алҳол дар низоми фурӯш ба хатсайрҳои доимӣ байни Душанбе ва Маскав билетҳо нестанд.

Қаблан Ситоди фаврии муқовимат бо коронавируси Русия дар бораи барқраор намудани алоқаи ҳавоии мунтазам аз 1 апрел қарор қабул кард. Ин хатсайрҳо ҳафтае ду маротиба – яке аз ҷониби ширкати “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон ва дигаре – аз ҷониби ширкати Utair-и Русия анҷом дода мешаванд.

Директори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки нархи билетҳо ба як самт ва бозгашт аз он (ҳар ду самт) набояд аз 500 доллар зиёд бошанд.

“Масалан, агар ба самти парвози Душанбе-Маскав талаботи мусофирон зиёд бошад, ширкатҳо нархро аз 300-350 доллар ва дар бозгашт ба Душанбе – 150 доллар муқаррар карда метавонанд, лекин онҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки нарх ба ҳар ду самт аз 500 доллар болотар набошад", – гуфт ӯ.

Киҳо бо ин хатсайрҳо сафар карда метавонанд?

Бино ба маълумоти сафорати Русия дар Тоҷикистон, ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, инчунин дигар шахсоне, ки ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи иқомати доимиро дар Тоҷикистон доранд (шахсони бешаҳрвандӣ, метавонанд бо ин хатсайрҳо ба Русия раванд.

Шаҳрвандони Тоҷикистон бояд нусхаи аслии хулосаи муассисаи тиббиро бо забони русӣ дар бораи сироят надоштан аз коронавирус (тибқи натиҷаҳои тести ПЦР) пешниҳод кунанд, ки на пештар аз се рӯзи то замони ба Маскав расидан дода шудааст.

Таваҷҷуҳ кунед, ки маълумотнома (справка)-и гузаштан аз тести сироят ба коронавирус тариқи ташхиси ПСР бояд ранги сурх дошта бошад. Хадамоти санитарӣ-эпидемиологт ин маълумотномаҳоро барои он омода кардааст, то ки аз пешниҳоди маълумотномаҳои қалбакӣ дар фурудгоҳ пешгирӣ шавад.

Аз ин маводи мо дар бораи дар куҷо супурдани тест ва чӣ қадар нарх доштани он маълумоти муфассал дарёфт карда метавонед.

Тарқи хатсайрҳои зикршуда шаҳрвандони Русия ҳам сафар карда метавонанд.

Ба гуфтаи роҳбари Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода, шаҳрвандони Русия низ бидуни ягон монеа бо пешниҳоди маълумотномаи сироят надоштан аз коронавирус ба Тоҷикистон омада метавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.